Коррупсия

ДЕКАН ВА МУОВИНИ ДЕКАНИ РИШТАИ ТАЪРИХИ ДОНИШГОҲИ ХУҶАНД БО ПОРА БА ДАСТ АФТОДАНД

ДЕКАН ВА МУОВИНИ ДЕКАНИ РИШТАИ ТАЪРИХИ ДОНИШГОҲИ ХУҶАНД БО ПОРА БА ДАСТ АФТОДАНД

Иброҳим Ҷабборзода ва Нуралӣ Шукуров, декан ва муовини декани риштаи таърих ва ҳуқуқи Донишгоҳи давлатии шаҳри Хуҷанд бо иттиҳоми гирифтани пора аз як донишҷӯи хориҷӣ дастгир шудаанд. Акбар Шарифӣ, сухангӯи раёсати корҳои дохилии вилояти Суғд хабар дод, ки Нуралӣ Шукуров дар асоси маслиҳати пешакӣ бо декан Иброҳим Ҷабборзода барои ба таври мусбат ҳал кардани ҷамъбасти нимсолаи аввал аз як донишҷӯи хориҷии соли сеюм, ки дар риштаи таърих дар бахши ғоибона таҳсил мекард, пора талаб кардааст. Аммо ин донишҷӯ, ки ба хуб супурдани санҷишу имтиҳонҳои нимсола ва “қарздор” набуданаш дар ҷамъбасти нимсола мутмаин буд, аз тамаъҷӯии роҳбарони риштаи таърих ба ҷон омада, аз ноилоҷӣ ба мақомот шикоят кардааст.

Нуралӣ Шукуровро нимаи дуюми рӯзи 2 майи соли 2023, тақрибан соати 15, дар ҳуҷраи кориаш баъди бо ваъдаи “буд кардани кораш” аз донишҷӯи хориҷӣ гирифтани 1500 сомонӣ дастгир кардаанд. Дар гузориши нашршуда намоиш дода шуд, ки чӣ гуна Шукуров аз ҷайби даруни костюмаш ин пули пора: 6 дона 200-сомонӣ ва 3 дона 100-сомониро берун оварда, ба мақомот месупорад. Ин пулҳо ҳамчун далели шайъӣ мусодира гардида, ба парванда дӯхта шудаанд.

Дар ҷараёни таҳқиқ маълум шудааст, ки муовини декан ин тамаъҷӯиро дар асоси маслиҳати пешакӣ бо декани риштаи таърих номзади илм, дотсент Иброҳим Ҷабборзода анҷом медод ва пулҳоеро, ки аз донишҷӯён ҳамчун пора тамаъ мекард, баъдан бо декан тақсим мекардааст. Назари худи дастгиршудагон ё наздиконашон ба ин моҷаро дастрас нест.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button