МУҲОҶИРОННуқтаи назарХабарҳои кӯтоҳ

Дар Маскав ҷавони тоҷики қаҳрамонро қадрдонӣ карданд

Ҷавони қаҳрамон аз вилояти Хатлонро Россотрудничество дар Тоҷикистон ба ҷоизаи ифтихорӣ пешбарӣ кард. Маросими мукофотсупорӣ дар Маскав баргузор шуд

Дар маросими эътои Ибтикори умумирусиягии ҷамъиятию давлатиб байналмиаллии “Дили гарм” як ҷавони тоҷик барои наҷоти кӯдак мукофотонида шуд.

Зафар Умарзодаи 16-сола аз Бохтар, ки баҳори соли 2022 кӯдаки ғарқшударо наҷот дод, барандаи ҷоиза гардид, хабар медиҳад, дафтари матбуотии Россотрудничество.

Медали барои корнамоиро ба Зафар муовини аввали вазири маорифи Русия Александр Бугаев ва муовини сардори Вазорати ҳолатҳои изтирории Русия Алексей Серко супурданд.

Қаҳрамон ба намояндагони «Хонаи русҳо» дар Душанбе накл кард, ки Маскав ба ӯ хеле писанд омад — барнома пур аз экскурсия ва вохӯриҳо буд.

Вақте аз ӯ пурсиданд, ки оё худро қаҳрамон меҳисобад, табассум кард: «Вақте ки медалро супурданд, каме эҳсос кардам».

Қобили зикр аст, ки ҷоизаи “Дили гарм” ба ҷавонони то 23-сола, ки шаҳрвандии фаъол нишон дода, фидокорона ба кумаки мардум мешитобанд, дода мешавад.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button