Марзи Тоҷикистону ҚирғизистонУмумӣХабарҳо

ВУХ-и Русия ба рушди ҳалли масъалаи марзӣ миёни Душанбе ва Бишкек ишора кард

Федератсияи Русия пайваста ҷонибдори ҳалли ҳарчӣ зудтар ва ниҳоии баҳси марзии миёни ду кишвари ҳамсоя — Тоҷикистону Қирғизистон мебошад

Русия динамикаи мусбати вазъияти баҳсбарангез дар атрофи марзи Тоҷикистону Қирғизистонро қайд мекунад.

Дар ин бора, Михаил Галузин, муовини вазири умури хориҷии Русия, дар конфронси III-уми Осиёи Марказӣ дар Клуби мубоҳисавии байналмилалии «Валдай» изҳор дошт.

Ба гуфтаи ӯ, Маскав пайваста ҷонибдори ҳалли зудтар ва ниҳоии баҳси марзӣ миёни Душанбеву Бишкек аст.

«Мо динамикаи мусбати ин равандро бо қаноатмандӣ қайд мекунем», — гуфт ӯ.

Дипломат ҳамчунин таъкид кард, ки Русия ва СПАД «кафилҳои амниятии ғайриалтернативӣ»-и тамоми минтақаи Осиёи Марказӣ мебошанд. Ва унсурҳои асосии субот пойгоҳҳои низомии Русия дар Тоҷикистон ва Қирғизистон мебошанд.

Галузин ҳамчунин таъкид кард, ки ҳамкориҳои зич бо кишварҳои минтақа дар заминаи мубориза бо хатари маводи мухаддир ва терроризм, ки аз қаламрави Афғонистон сар мезанад, идома дорад.

«Барои кишварҳои Осиёи Марказӣ, ин махсусан дар пасманзари тамоюлҳои радикализми мазҳабӣ, ки дар минтақа зуҳур мекунанд, арзишманд аст», — қайд кард муовини вазири корҳои хориҷии Русия.

Ёдовар мешавем, ки музокирот дар мавриди таъйини марзи Тоҷикистону Қирғизистон солҳо боз идома дорад. То ин замон дарозии қитъаи баҳсбарангези миёни Тоҷикистону Қирғизистон ҳудуди 980 километрро ташкил медиҳад.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button