ТОҶИКИСТОН

МАРГИ ДУЧАРХАРОНИ 12-СОЛА ДАР ДАНҒАРА ВА ДУЗДИҲО ДАР ХОВАЛИНГУ ПАНҶ

МАРГИ ДУЧАРХАРОНИ 12-СОЛА ДАР ДАНҒАРА ВА ДУЗДИҲО ДАР ХОВАЛИНГУ ПАНҶ

26-уми марти соли 2023, тахминан соати 18:00, ронандаи автомашинаи тамғаи “Мерседес-Бенс-С240”, Садиров Аслиддин Бадурддинович, соли таваллудаш 1984, сокини ноҳияи Фархор, ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Кулоб ба самти шаҳри Душанбе, дар роҳи автомобилгарди деҳаи Хурамзамин аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, дучархарони ноболиғ, Мирзоев Абдураҳим Исмоилович, соли таваллудаш 2011, сокини ноҳияи Данғарро пахш намудааст.Дар натиҷа, ноболиғ Мирзоев А.И. ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, ҳангоми ба беморхона бурдан дар роҳ ба ҳалокат расидааст.

ххххххххххххх

Шаби 27-уми декабри соли 2022, тахминан соати 00:00, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ ба мағозаи хӯроквории зани 41-солаи сокини оҳияи Ховалинг даромада, аз он ҷо маҳсулоти хӯроквориро ба маблағи 3500 сомонӣ дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.Муайян карда шуд, ки ҷинояти мазкурро ҷавони 21 ва ноболиғи 17-солаи сокинони ҳамин ноҳия содир намудаанд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button