Минтақа ва ҶаҳонМУҲОҶИРОН

БОЗ ЯК МАҲБУСИ ТОҶИК ДАР ҶАНГИ ЗИДДИ УКРАИНА КУШТА ШУД

БОЗ ЯК МАҲБУСИ ТОҶИК ДАР ҶАНГИ ЗИДДИ УКРАИНА КУШТА ШУД

Боз як шаҳрванди дигари Тоҷикистон, ки дар дар Русия зиндонӣ буд, дар ҷанги зидди Украина кушта шудааст. Радиои Озодӣ рӯзи 28 марти соли 2023 аз қавли мақомот хабар дод, ки Ислом Саидмуродови 48-соларо рӯзи 23-юми март дар зодгоҳаш, деҳаи Тутқавули ҷамоати Пули Сангин дар канори шаҳри Норак дафн кардаанд. Ислом Саидмуродов ҳанӯз соли 2005 дар Русия ба гуноҳи қочоқи маводи мухаддир зиндонӣ шуда будааст. Дар бораи кай ва чӣ гуна ва аз сӯи кӣ ба ҷанги Украина бурда шудани Ислом Саидмуродов ва каю чӣ гуна ва дар куҷои Украина кушта шудани ин маҳбуси тоҷик ягон маълумот нест.

Қурбоналӣ Саидмуродов, бародари ӯ ба Радиои Озодӣ гуфт, дар бораи ба ҷанги Украина рафтани бародараш хабар надошт. «Бори охир моҳи ноябри соли 2022 телефонӣ гап зада будем,» – гуфтаст ӯ.

Аз Ислом Саидмуродов се фарзанд боқӣ монд.

То имрӯз дар бораи кушта шудани беш аз 20 маҳбуси тоҷике, ки аз зиндонҳои Русия ба ҷанги Украина бурда шуда буданд, хабарҳо ба даст расидаанд. Аксари онҳоро ширкати “Вагнер”, марбут ба Евгений Пригожин, як сармоядори наздик ба президенти Русия Владимир Путин, бо ваъдаи афву озодии зуд ба ҷанг мебарад. Танҳо аз аввали моҳи март алакай ҷанозаҳои 4 маҳбуси тоҷикистонии дар ҷанги Украина кушташударо ба Ватан оварда, дар инҷо ба хок супурданд. Ин ба истиснои маҳбусони дигари кушташудаест, ки дар қабристонҳои вижаи ҷангҷӯёни ЧВК “Вагнер” дар кишвари Краснодар ва дар вилояти Маскав дафн карда мешаванд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button