МУҲОҶИРОН

АЗ КАЛУГАИ “МЕҲМОННОНАВОЗ” БОЗ 13 МУҶОҶИРРО РОНДАНД

АЗ КАЛУГАИ “МЕҲМОННОНАВОЗ” БОЗ 13 МУҶОҶИРРО РОНДАНД

Аз вилояти Калугаи Русия, ки волии кунуниаш Владислав Шапша бо сиёсати ошкоро зидди муҳоҷирон ном баровардааст, боз 13 муҳоҷирро ронданд. Хадамоти приставҳои ин вилоят рӯзи 28 марти соли 2023 хабар дод, ки ин 13 нафарро ба фурудгоҳҳои Маскав бурда, 9 нафарро ба Ӯзбекистон, 3 нафарро ба Тоҷикистон ва якеи дигарро ба Молдова ихроҷ кардаанд. Барои ҳамаи ин 13 нафар барои 5 соли оянда убури марзҳои Русияро манъ кардаанд. Дар моҳи март ин алакай дуюмин гуруҳи муҳоҷирон аст, ки аз вилояти Калуга ихроҷ карда мешаванд. Хадамоти приставҳои Калуга рӯзи 16 март дар бораи аз тариқи фурудгоҳҳои Маскав ба ватанашон ихроҷ кардани 8 муҳоҷири ӯзбек ва 4 муҳоҷири тоҷик хабар дода буд. Рӯзи 12 январи соли ҷорӣ бошад аз Калуга 12 муҳоҷир аз Ӯзбекистону Тоҷикистонро ихроҷ карда буданд. Ҳамаи ин муҳоҷирон низ барои 5 сол аз ҳаққи бозгашт ба Русия маҳрум карда шудаанд.

Ёдовар мешавем, губернатори ҳозираи вилояти Калуга Владислав Шапша сиёсати ошкоро зидди муҳоҷиронро пеш гирифтааст. Дар давраи раҳбарии ӯ мақомоти вилояти Калуга муҳоҷиронро ҳатто барои қонуншиканиҳои хурду реза дастгир ва ихроҷ мекунанд. Дар Русия губернаторҳоро президент таъйин мекунад. Мутаассифона, солҳои охир президенти Русия Владимир Путин дар чандин вилоят нафарони мавқеашон ошкоро зидди муҳоҷиронро губернатор таъйин кардааст.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button