МУҲОҶИРОН

ЯК ШАҲРВАНДИ ТОҶИКИСТОН ДАР АЛМА-АТО БО БЕШ АЗ 100 КИЛО ҲЕРОИН БА ДАСТ АФТОДААСТ

ЯК ШАҲРВАНДИ ТОҶИКИСТОН ДАР АЛМА-АТО БО БЕШ АЗ 100 КИЛО ҲЕРОИН БА ДАСТ АФТОДААСТ

Вазорати корҳои дохилии Қирғизистон хабар дод, ки дар натиҷаи як амалиёти муштараки мақомоти вижаи Қирғизистону Қазоқистон дар шаҳри Алма-Ато ташкилкунандаи як масири бузурги қочоқи маводи мухаддир шаҳрванди Тоҷикистон К.О.А., соли таваллудаш 1986 дастгир шуд.

Бино ба иттилоияи маркази матбуоти ВКД Қирғизистон, дар натиҷаи коркарди тӯлонии иборат аз чанд марҳала ва тадбирҳои бомаслиҳати кормандони Хадамоти мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир (СБНОН)-и ВКД ва КДАМ Қирғизистон ва Кумитаи амнияти миллии Қазоқистон амалиёти махсуси байналмилалӣ ҷиҳати аз байн бурдани фаъолияти як синдикати байналмилалии қочоқи маводи мухаддир баргузор карда шуд. Ин синдикат, ба гуфтаи мақомот, ба интиқол ва фурӯши миқдори бузурги маводи мухаддири сохти Афғонистон аз тариқи қаламрави Қирғизистон машғул будааст.

Маркази матбуоти ВКД Қирғизистон гуфт: “Ҳангоми интиқол ва нигоҳдории беш аз 100 кило маводи мухаддири навъи “ҳероин” дар қаламрави шаҳри Алма-Ато ташкилкунандаи ин масири қочоқи маводи мухаддир шаҳрванди Тоҷикистон К.О.А., соли таваллудаш 1986 дастгир гардид. Барои муайян кардани аъзои дигари эҳтимолии ин наркосиндикат чорабиниҳои муштараки минбаъда давом доранд”.

Тафсилоти дигари амалиёт оварда нашудааст. Нархи ин миқдори маводи мухаддири ёфтшуда дар бозори сиёҳ 1 миллиону 190 ҳазор доллар баровард мешавад.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button