МУҲОҶИРОН

ЯК МАРДИ ТОҶИКРО БАРОИ ТАҒЙИР ДОДАНИ МУҲЛАТИ ВИЗА АЗ ПОЛША ИХРОҶ КАРДААНД

ЯК МАРДИ ТОҶИКРО БАРОИ ТАҒЙИР ДОДАНИ МУҲЛАТИ ВИЗА АЗ ПОЛША ИХРОҶ КАРДААНД

Як шаҳрванди 49-солаи Тоҷикистонро барои тағйир додани муҳлати визааш 600 злотих (баробари тақрибан 140 доллар) ҷарима баста, аз Полша ба Калинингради Русия ихроҷ кардаанд ва барои ду сол аз ҳаққи вуруд ба кишварҳои Иттиҳодияи Аврупо маҳрум сохтаанд. Дар ин бора рӯзи 28 марти соли 2023 бо истинод ба Хадамоти марзбонии Полша хабаргузории “Русский Запад – Новости Калининграда” хабар дод.

Бино ба иттилои ин нашрия, марзбонони Полша дар гузаргоҳи Гжеҳотки дар марзи ин кишвар бо вилояти Калинингради Русия барои вайрон кардани қонунҳои муҳоҷират ва виза як мусофири автобуси Гданск – Калининградро боздошт карданд, вале натавонистанд ӯро билфосила бозҷӯӣ кунанд, чунки ин мусофир маст буд.

Дар хабари “Русский Запад” ҷараёни қазия чунин тасвир шудааст: “Шиносномаи шаҳрванди 49-солаи Тоҷикистон хароб карда шуда, визааш даридагӣ буд. Ба болои ин, рӯзи ба қаламрави Литва ворид шудани ӯ низ тағйир дода шуда буд. Ин мардро аз автобус фароварда, то субҳ нигоҳ доштанд, то мастиаш гузарад. Ташхис дар бадани ӯ беш аз 1,4 промилле алкоголро нишон додааст (баробари тақрибан 300 грамм арақ). Баъди ҳушёр шудан, ӯ эътироф кардааст, ки дар муҳри дар фурудгоҳи Вилнюс ба шиносномааш задаи марзбонони Литва санаи вурудаш ба қаламрави Иттиҳодияи Аврупоро аз 04.04.2017 ба 04.04.2022 иваз кардааст. Шаҳрванди Тоҷикистон пули ҷаримаро супурд ва роҳии Калининград шуд”.

Исми ин марди тоҷики аз Полша берункардашуда нашр нашудааст. Худи ӯ барои шарҳи қазия дастнорас аст.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button