Афғонистон

ХАДАМОТИ ҶОСУСИИ ТОЛИБОН ШАҲРВАНДОНИ ТОҶИКИСТОНРО ДАР ҚАТЛИ ВОЛИИ БАЛХ АЙБДОР КАРД

ХАДАМОТИ ҶОСУСИИ ТОЛИБОН ШАҲРВАНДОНИ ТОҶИКИСТОНРО ДАР ҚАТЛИ ВОЛИИ БАЛХ АЙБДОР КАРД

Хадамоти ҷосусии ҳаракати Толибон, ки якуним сол пеш ҳукуматро дар Афғонистон ба дасти худ даровард, изҳор доштааст, ки дар амали террористии рӯзи 9 март, ки дар он волии аз сӯи “Толибон” таъйиншудаи вилояти Балх дар шимоил Афғонистон Муҳаммаддовуд Музаммил кушта шуд, шаҳрвандони Тоҷикистон даст доштанд. Дар ин бора рӯзи 27 марти соли 2023 хабаргузории русии ТАСС бо такя ба иттилоияи нашршуда дар саҳифаи хадамоти ҷосусии Толибон дар Твиттер хабар дод.

Музаммил субҳи 9 март дар ҷои кораш дар шаҳри Мазори Шариф, маркази вилояти Балх кушта шуд. Масъулияти он ҳамларо созмони террористии ДОИШ ба дӯш гирифт.

Дар иттилоия чунин гуфта мешавад: «Дар вилояти Форёб амалиёте баргузор карда шуд, ки дар натиҷаи он тамоми аъзои гуруҳи дастдошта дар ҳамла ба волии вилояти Балх дастгир карда шуданд <…> Дар ҷараёни ин амалиёт собит шуд, ки аъзои ин гуруҳ шаҳрвандони Тоҷикистон буда, чанде қабл барои анҷоми ин ҳамла ба Афғонистон фиристода шудаанд”.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button