Афғонистон

ДОИШ МАСЪУЛИЯТИ ҲАМЛАИ ХУНИН ДАР КОБУЛРО БА ДӮШ ГИРИФТ

ДОИШ МАСЪУЛИЯТИ ҲАМЛАИ ХУНИН ДАР КОБУЛРО БА ДӮШ ГИРИФТ

Созмони террористии ДОИШ масъулияти ҳамлаи маргталабонаи хунини рӯзи 27 марти соли 2023 дар назди бинои вазорати корҳои хориҷии Афғонистон дар шаҳри Кобулро бар дӯш гирифт. Дар ин бора шабакаи телевизионии TOLOnews бо такия ба изҳороти нашршуда дар яке аз пойгоҳҳои иттилоотии марбут ба ДОИШ хабар дод.

Бино ба иттилои сухангӯи вазорати хориҷаи Толибон, бар асари худро дар назди бинои вазорат таркондани ҳамлагари маргталаб дастикам 6 нафар ба ҳалокат расидаанд. Ҳамлаи рӯзи 27 март, тақрибан соати яки рӯз рух додааст.

Ин алакай дуюмин ҳамлаи ДОИШ дар назди бинои вазорати хориҷаи Толибон дар Кобул дар соли ҷорист. Рӯзи 11 январи соли 2023 як маргталаби дигар худро дар байни издиҳоми кормандони вазорати хориҷа дар даромадгоҳи ин идора тарконд. Он ҳамла 21 кушта ба ҷо гузошт. Бахше аз кушташудагон дипломатҳо ва бахше муҳофизони вазорат аз ҳисоби нирӯҳои Толибон буданд.

Вақтҳои охир ҷангҷӯёни шохаи афғонистонии ДОИШ бо номи «ДОИШ-Хуросон” дар Афғонистон ҳамлаҳои худ болои сохторҳо ва мақомҳои режими Толибонро афзоиш додаанд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button