АфғонистонХабарҳои кӯтоҳҶомеа

Хисороти сангини сел дар Афғонистон

Селоб дар чандин вилояти Афғонистон хисороти сангине барҷой гузошта ва мардумро дар таҳияи ғизо ва об бо мушкил рӯ ба рӯ кард

ДУШАНБЕ, 27 мар — Sputnik. Cел дар аввалин рӯзҳои соли ҷадиди хуршедӣ дар вилоятҳои Балх, Зобул, Урузгон, Қандаҳор ва бархе аз вилоятҳои дигари Афғонистони хисороти сангине барҷой гузоштааст.

Ин селобҳо роҳҳои иртиботии бисёре аз вулусволиҳоро бо маркази Зобул қатъ кардааст.

Боришҳо дар Зобул ҳамчунон идома дорад ва тараддуди байни меҳварҳои мувосилотии вулусволиҳои Арғандоб, Дой чупон, Хоки афғон, Шамалзу, Отағр, Навбаҳор ва Шинкиро қатъ кардааст .

Сел дар Зобул мардумро бо камбуди об ғизо мувоҷеҳ кардааст. Толибҳо то кунун дар бораи талафоти эҳтимолӣ ва хисороти ношӣ аз селобҳо дар ин вилояти иброз назар накардааст.

Бар асоси гузоришҳои мунташиршуда дар пайи сарозер шудани селобҳо дар ду рӯзи гузашта, даст кам 300 хона дар Балхи вайрон ва ба беш аз се ҳазор ҷариби замини зироатӣ дар ин вилояти тахриб шудааст.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button