Хабарҳои кӯтоҳҶомеа

АКС АЗ ҶОИ ҲОДИСА: ҲАЛОКАТИ ДУ МУСОФИР БАР АСАРИ ЧАППА ШУДАНИ “ДУЛАН” ДАР КӮЛОБ

АКС АЗ ҶОИ ҲОДИСА: ҲАЛОКАТИ ДУ МУСОФИР БАР АСАРИ ЧАППА ШУДАНИ “ДУЛАН” ДАР КӮЛОБ

Маркази матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон хабар дод, ки рӯзи гузашта наҷотбахшони ин ниҳод дар рафъи оқибатҳои як садамаи маргбор дар шаҳри Кӯлоб иштирок карда, ҷасади ду қурбонии он садамаро аз мошини пачақшуда берун кашидаанд. Бино ба иттилои кумита, нимаи дуюми рӯзи 25 марти соли 2023, соати 16:14 ба қисми навбатдории раёсати ҳолатҳои фавқулоддаи вилояти Хатлон хабар расид, ки дар кӯчаи Якуми майи шаҳри Кӯлоб садама рух додааст.

Наҷотбахшони бахши минтақаи Кӯлоб ба ҷои ҳодиса омада, муайян карданд, ки як мошини боркаши тамғаи “Дулан” таҳти идораи сокини 39-солаи деҳаи Заргари шаҳри Ваҳдат ҳангоми ҳаракат аз тарафи ноҳияи Шамсиддини Шоҳин ба самти шаҳри Кӯлоб ба як дарахт дар канори роҳ бархӯрда, чаппа шудааст. Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда мегӯяд, ронандаи мошин аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт баромада натавонист.

Дар дохили мошин ҳангоми садама ду мусофир низ сафар доштанд. Ҳардуи онҳо дар натиҷаи ин садама дар ҷои ҳодиса ҷон бохтаанд. Ронандаи мошинро бо ҷароҳатҳои вазнин дар бемористони шаҳри Кӯлоб бистарӣ кардаанд. Наҷотбахшон бо истифода аз васоили махсус ҷасадҳои мусофирони ҳалокшударо аз даруни мошини пачақшуда берун кашида, ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ супурдаанд. Дар бораи шахсияти онҳо дар иттилоия чизе гуфта нашудааст.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button