Дар пойтахти Тоҷикистон дурнамои ҳамкориҳои Минску Душанбе баррасӣ шуд

Мақомоти шаҳри Минск ва Душанбе баргузории рӯзҳои Минск дар пойтахти Тоҷикистон ва рӯзҳои Душанбе дар пойтахти Белорус”, баррасӣ намуданд
ДУШАНБЕ, 25 мар – Sputnik. Мулоқоти муовини раиси Кумитаи иҷроияи шаҳри Минск Надежда Лазаревич бо муовини раиси шаҳри Душанбе Абдураҳмонзода Абдураҳмон Сафаралӣ ахиран дар пойтахти Тоҷикистон баргузор шуд.
Дар ин бора хабаргузории “Минск-Новости” дар истинод ба шаҳрдории Минск хабар додааст.
Тибқи иттилои манбаъ, ҷонибҳо вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳои ду шаҳрро баррасӣ карданд.
“Аз ҷумла, масъалаҳои ифтитоҳи дӯконҳои маҳсулоти белорусӣ дар Душанбе, баргузории рӯзҳои Минск дар пойтахти Тоҷикистон ва рӯзҳои Душанбе дар пойтахти Белорус”, баррасӣ шуд.
Ёдовар мешавем, ки моҳи октябри соли гузашта миёни Кумитаи иҷроияи шаҳри Минск ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нақшаи чорабиниҳо оид ба рушди ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва гуманитарӣ барои солҳои 2023-2024 ба имзо расида буд.