ТОҶИКИСТОН

Лату куби собиқ ҳамсар: ҳодисаи маҷбуран ба нақлиёт савор намудани ҷавонзан муайян ва гумонбар дар ҷустуҷӯ қарор дорад

 Санаи 22-юми марти соли ҷорӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворе нашр гардид, ки дар он ҳолати латукуб ва маҷбуран ба автомашина савор намудани ҷавонзан аз ҷониби марде инъикос ёфта, шаҳрвандону корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ аз мақомоти милитсия дархост намуданд, ки ҳодисаи мазкур санҷиш ва дар доираи қонун чораандешӣ карда шавад.
  Дар натиҷаи баргузории як қатор чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ронандаи автомашинаи дар навор инъикосёфта, тамғаи «Опел Астра» рақамҳои қайди давлатиаш 0707KY07, Ҳазратқулов Ҷамшед Муродқулович, санаи таваллудаш 08.04.1985, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе кӯчаи Н.Қарабоев, ба мақомоти милитсия дастрас карда шуд.
  Зимни пурсиш муайян гардид, ки номбурда ҳамчун ронандаи «такси» фаъолият намуда, санаи 22-юми март, соати 6-и субҳ бо дархост ва фармоиши рафиқаш шаҳрванд-Дадабоев Наимҷон, ҳамроҳ ба кӯчаи Роҳи нави ноҳияи Сино назди ҳамсари собиқи Дадабоев Наимҷон рафтаанд.
  Дадабоев Наимҷон бо мақсади дидорбинии фарзанди хурдсол ва таҷлили ҷашни Наврӯз зимни сайру гашт дар боғи кӯчаи Роҳи нав бо собиқ ҳамсари худ муноқиша намуда, тартиботи ҷамъиятиро дағалона вайрон кардааст. Ҳамзамон номбурдаро зери латукӯб қарор дода, маҷбуран ба воситаи нақлиёт савор кардааст.
  Айни замон гумонбаршаванда Дадабоев Наимҷон дар ҷустуҷӯ қарор дошта, оид ба ҳодисаи мазкур санҷиш идома дорад.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button