ВарзишТОҶИКИСТОНХабарҳо

ҶАМЪОВАРИИ КУМАК БАРОИ 4 КӮДАКИ ЯТИММОНДАИ ВАРЗИШГАРИ ҶАВОНМАРГИ ТОҶИК

ҶАМЪОВАРИИ КУМАК БАРОИ 4 КӮДАКИ ЯТИММОНДАИ ВАРЗИШГАРИ ҶАВОНМАРГИ ТОҶИК

Дар сомонаи Go Fund Me, яке аз бузургтарин пойгоҳҳои байналмилалии ҷамъоварии кумакҳо, ду рӯз боз барои фарзандони ятиммондаи размандаи 29-солаи ҷангҳои бидуни қоида (ММА) аз Тоҷикистон Муҳаммадалӣ Саидов як маъракаи ҷамъоварии кумакҳоро ба роҳ андохтаанд. Муҳаммадалӣ Саидов рӯзи 18 марти соли 2023 бар асари ҷароҳате, ки ҳангоми машқ бардошт, аз олам чашм пӯшид. Аз ӯ 4 фарзанд ятим монд ва ташаббускорони ҷамъоварии кумакҳо навиштаанд, ки мақсадашон кумак ба ҳамин 4 кӯдаки хурдсол аст, ки ягона саробони худро аз даст дода, дар чорсӯи зиндагӣ ҳайрону ноумед мондаанд.

Тайи як рӯзи аввал барои кӯдакони ин варзишгари тоҷик алакай 10 ҳазору 700 доллар хайр кардаанд. Ҷамъоварии кумакҳо давом дорад ва агар Шумо низ мехоҳед, ки дар ин кори хайр саҳм бигиред, метавонед хайри худро тавассути ин сомона бифиристед:

https://www.gofundme.com/f/qhexh4-50000

Бахши варзишии хабаргузории русии ТАСС рӯзи 18 марти соли 2023 бо такя ба бошгоҳи Муҳаммадалӣ Саидов хабар дод, ки варзишгари тоҷик ҳангоми машқ ҷароҳати вазнин бардошт ва гирифтори хунрезии мағзӣ (кровоизлияние в мозг) гардид. Муҳаммадалӣ Саидов дар ҳолати кома (мадҳушӣ) қарор дошт ва тавассути дастгоҳи таъмини зиндагӣ нафас мекашид, вале рӯзи 18 март табибон гуфтаанд, ки мағзи сари паҳлавони тоҷик алакай мурдааст ва ӯро аз дастгоҳи таъмини зиндагӣ ҷудо карданд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button