Минтақа ва Ҷаҳон

ЗАМИНЛАРЗАИ АХИР ДАР ПОКИСТОНУ АФҒОНИСТОН ДАСТИКАМ 13 КУШТА ВА ДАҲҲО ЗАХМӢ БАР ҶОЙ ГУЗОШТ

ЗАМИНЛАРЗАИ АХИР ДАР ПОКИСТОНУ АФҒОНИСТОН ДАСТИКАМ 13 КУШТА ВА ДАҲҲО ЗАХМӢ БАР ҶОЙ ГУЗОШТ

Бар асари заминларзаи шаби 21 марти соли 2023, ки ин офати табииро дар ҳамаи кишварҳои Осиёи Марказӣ ва ҳамчунин дар Афғонистону Покистон ва Ҳинд эҳсос карданд, дастикам 13 нафар ҷон бохта, даҳҳо нафари дигар ҷароҳат бардоштаанд. Сомонаи покистонии The News хабар дод, ки бар асари ин офати табиӣ дар вилояти Хайбар Пахтунхва 9 нафар ҷони худро аз даст дода, 44 нафар захмӣ шудаанд.

Шафиуллоҳ Гандапур, сардори пулиси дараи Свот шумораи захмиён танҳо дар Свотро 150 нафар баршумурд. Ӯ гуфтааст, ки як духтари 13сола дар Мадён бар асари фурӯ рафтани девори хонаашон ба ҳалокат расидааст. Як духтари дигари хурдсол дар Абботобод, бино ба хабарҳо, ҳангоми заминларза аз тарс дилкаф шуда, ҷон бохтааст. Гуфта мешавад, бисёриҳо дар Покистон бар асари фурӯ рафтани бом ё деворҳои хонаҳояшон ҷон бохтаанд ва ҳазорон нафар аз сокинон чӣ дар Покистон ва чӣ дар Афғонистон шаби гузаштаро аз тарси такрори заминларза дар кӯча рӯз кардаанд.

Билол Каримӣ, яке аз сухангӯёни ҳукумати Толибон рӯзи 22 март бо истинод ба маълумоти вазорати тандурустии Афғонистон хабар дод, ки бар асари заминларзаи шаби гузашта дар ин кишвар 4 нафар ба шаҳодат расида, ҳудуди 70 тани дигар ҷароҳат бардоштаанд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button