Минтақа ва ҶаҳонХабарҳои кӯтоҳҶомеа

Сафари ногаҳонии Путин ба Мариуполи ишғолшуда

Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия ғайриинтизор ба Мариупол, шаҳри аз сӯйи Русия ғасбшудаи Украина сафар кард. Дар ин бора сухангӯи Кремл, рӯзи 19-уми март хабар додааст.

Бино ба навиштаи расонаҳои Русия, Путин бо чархбол ба ин шаҳри тахрибшуда, дар даргириҳои шадид, парвоз кард ва ҳамроҳ бо муовини нахуствазир, Марат Хуснуллин шаҳрро давр зада, бо сокинон сӯҳбат кард.

Дар наворе, ки хабаргузории РИА Новостӣ нашр кардааст, дида мешавад, Путин дар сари чамбари мошин бо Ҳуснуллин масъалаи бозсозии шаҳрро баррасӣ мекунад.

Русия шаҳри Мариуполи Украинаро пас аз ҷангҳои сахт дар моҳи майи соли 2022 ғасб кард. Сафари нахустини Путин ба ин шаҳр, як рӯз баъд аз боздиди ӯ аз Қрим сурат гирифтааст, ки ба муносибати нӯҳумин солгарди ғасби нимҷазираи Қрим ба он ҷо рафта буд.

Ба навиштаи расонаҳои Русия, Владимир Путин баъди боздид аз Мариупол ба Ростови лаби Дон сафар ва бо ситоди фармондеҳии «амалиёти махсуси низомӣ» (Кремл аз ҷанг дар Украина чунин ном мебарад) мулоқот кардааст.

Нахустин сафари президенти Русия ба минтақаи ишғолшудаи Украина дар ҳолест, ки ахиран Додгоҳи Байнулмилалии Ҷиноӣ (International Criminal Court) дар Гаага амр дод, ки президенти Русия Владимир Путинро боздошт кунанд.

Додгоҳ 17-уми март Владимир Путинро дар рабудани кӯдакон аз Украина ва маҷбур ба Русия бурдани онҳо гумонбар номид.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button