Варзиш

МАРГИ ФОҶИАВИИ ПАҲЛАВОНИ 29-СОЛАИ ТОҶИК МУҲАММАДАЛӢ САИДОВ ДАР АМРИКО

МАРГИ ФОҶИАВИИ ПАҲЛАВОНИ 29-СОЛАИ ТОҶИК МУҲАММАДАЛӢ САИДОВ ДАР АМРИКО

Размандаи 29-солаи ҷангҳои бидуни қоида (ММА) аз Тоҷикистон Муҳаммадалӣ Саидов, ки то ҳол ягон бор шикаст нахӯрда буд, бар асари ҳангоми машқ лат хӯрданаш дар Амрико ҷон бохтааст.

Бахши варзишии хабаргузории русии ТАСС рӯзи 18 марти соли 2023 бо такя ба бошгоҳи Муҳаммадалӣ Саидов хабар дод, ки варзишгари тоҷик ҳангоми машқ ҷароҳати вазнин бардошт ва гирифтори хунрезии мағзӣ (кровоизлияние в мозг) гардид. Муҳаммадалӣ Саидов дар ҳолати кома (мадҳушӣ) қарор дошт ва тавассути дастгоҳи таъмини зиндагӣ нафас мекашид, вале шаби 17 ба 18 март табибон гуфтаанд, ки мағзи сари паҳлавони тоҷик алакай мурдааст ва ӯро аз дастгоҳи таъмини зиндагӣ ҷудо карданд.

Муҳаммадалӣ Саидов соли 1994 дар Тоҷикистон ба дунё омада, қаблан ба варзиши ҷиу-ҷитсу машғул буд. Ахиран Муҳаммадалӣ ба ММА гузашт ва дар ин риштаи варзиш ду пирӯзӣ ба даст оварда, ягон бор мағлуб нашуда буд. Мутаассифона, риштаи умри ин паҳлавони тоҷик ба чунин сурати фоҷиавӣ, бар асари ҷароҳати ҳангоми машқ бардоштааш канда шуд.

Аз Муҳаммадалӣ 4 фарзанди хурдсол ятим монд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button