ИқтисодКоррупсия

БУД-НАБУД: МОҶАРОИ ГУМ ШУДАНИ 5 КИЛО ТИЛЛО АЗ БОНКИ “ИМОН”

БУД-НАБУД: МОҶАРОИ ГУМ ШУДАНИ 5 КИЛО ТИЛЛО АЗ БОНКИ “ИМОН”

Агентии мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон рӯзи 13 марти соли 2023 аз анҷоми тафтиши парвандаи мудири кӯдакистони №27 шаҳри Хуҷанд Мадинаҷон Раупова ва корманди бонки “Имон Интернешнл” Маликхӯҷа Раҳимбоев бо иттиҳоми ба номи 11 нафар гирифтани қарзҳои бонкӣ ба маблағи 161 ҳазору 50 доллари Амрико ва 727 ҳазору 500 сомонӣ, дар маҷмӯъ қариб 2,5 миллион сомонӣ хабар дода буд. Муҳокимаи ин парванда дар додгоҳ ҳанӯз идома дорад.

Аммо як нафари огоҳ аз ҷараёни ин қазия рӯзи 14 март ба пойгоҳи хабарии “Бомдод” хабар дод, ки асли моҷаро аз фарзияи Агентии зидди коррупсия комилан фарқ мекунад.

Ба гуфтаи ин манбаъ, соли 2020, вақте ки Мадинаҷон Раупова аз бонки “Имон Интернешнл” қарз гирифт, дар он бонк 5 кило ороишоти гуногуни тиллоиро гарав гузошта буд. Вале моҳи майи соли 2022 вақте, ки ӯ мехоҳад замони пардохти қарзро тамдид кунад, маълум мешавад, ки 5 кило тиллои ба гарав гузоштаи Рауповаро бо 4 кило бижутерияи арзонбаҳо иваз кардаанд.

“Бонк, албатта, инро ба гардан нагирифт ва аз Мадина Раупова талаб кард, ки қарзи бонкро баргардонад. Вале бубинед, бонк пеш аз онки қарз бидиҳад, амволи барои гарав пешниҳодкардаи қарзталабро мӯшикофона меомӯзад ва нархгузорӣ мекунад. Ин ҳеҷ имкон надошт, ки кормандони бонк ба ҷои тилло аз Мадина Раупова бижутерияро ҳамчун гарав қабул карда бошанд. Раупова муътақид аст, ки тилловории гарав гузоштаи ӯро кормандони масъули бонки “Имон” иваз кардаанд”, нақл кард ҳамсуҳбати “Бомдоди”.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button