ВарзишХабарҳои кӯтоҳҶомеа

Модари Раҷабов: Писари ман Тоҷикистонро маъруф кард — видео

Зебогул Раҷабова модари размикори тоҷик дар бораи ғалабаи писараш дар мусобиқоти UFC, гуфт писари ман фахри Тоқикистон аст

Модари Лоиқ Раҷабов ба Sputnik Тоҷикистон дар бораи таассуроташ аз ғалабаи писраш дар мусобиқоти UFC 285 гуфт.

“Ман фахр мекунам, ки писари ман Тоҷикистонро дар сатҳи ҷаҳонӣ муаррифӣ кард. Ӯ ифтихори мост. Бо дуоҳои мо писари ман тавонист парчами Тоҷикистонро дар мусобиқаи байналмилалӣ боло бардорад. Фахр мекунам!”, — гуфт модари размикори тоҷик.

Ёдовар мешавем, ки Дувумин зодаи Тоҷикистон дар машҳуртарин созмони ММА-и Амрико бо пирӯзӣ ба Ватан баргашт ва аз ҷониби мухлисон ва наздиконаш гарм истиқбол шуд.

Мисли қаҳрамон истиқбол шуд: Лоиқ Раҷабов ба Душанбе баргашт

Мухлисон ва наздикони варзишгар ӯро мисли қаҳрамони ҳақиқӣ истиқбол гирифтанд: шавқовар ва бо мусиқӣ.

Лоиқ Раҷабов рӯзи 5-уми март дар Иёлоти Муттаҳида ба нахустин қувваозмоӣ дар UFC бар зидди зодаи Аргентина Эстебан Рибович, ки мағлубнашуда буд, вориди рақобат шуд.

Мубориза ҳар 3 даври пешбинишуда идома кард ва бо қарори якдилонаи доварон бо пирӯзии паҳлавони тоҷик анҷом ёфт.

Ҳоло омори касбии Раҷабов дар муҳорибаҳои омехта чунин аст: 17 ғалаба, 4 бохт ва 1 мусовӣ.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button