Иқтисод

САРГУЗАШТҲОИ ОСТАП БЕНДЕРИ ҒАРМӢ: ҲАМ МАСҶИДРО ФИРЕБ ДОДУ ҲАМ ҲИЗБИ ҲОКИМРО…

САРГУЗАШТҲОИ ОСТАП БЕНДЕРИ ҒАРМӢ: ҲАМ МАСҶИДРО ФИРЕБ ДОДУ ҲАМ ҲИЗБИ ҲОКИМРО…

Додгоҳи ноҳияи Тоҷикобод рӯзи 3 марти соли 2023 бо баргузории як мурофиаи Раҳимзодаи ноҳияи Рашт Муродов Сикандар Кишваровичро бар асоси моддаи 247, қисми 4, банди “б” Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон ба қаллобӣ ба маблағи махсусан бузург гунаҳкор шинохт ва ба 9 соли зиндон маҳкум кард. Дар ин парванда 11 нафар ҳамчун ҷабрдида мегузашт.

Саргузаштҳои Сикандар Муродов нишон медиҳанд, ки ӯ мисли Остап Бендери ғармӣ буда, ки барои даромади муфт аз чизе рӯ намегардонд: Аз ҷумла ӯ барои истифода дар схемаҳои қаллобиаш ҳатто тавонистааст, ки узви ҳизби ҳокими халқии демократии Тоҷикистон шавад ва дар оянда аз билети ҳизбиаш низ дар қаллобиҳои худ истифода барад. Сикандар Муродов ба ҷабрдидаҳо билети ҳизбиашро нишон дода мегуфт, ки “агар ман фиребгар мебудам, маро ба узвияти ҳизби президент магар қабул мекарданд?” Вале бино ба иттилои дарёфтӣ, ӯ дар ниҳоят ҳатто ҳизби ҳокимро ҳам фиреб дода, ҳаққи узвияташро насупурдааст.

Ҳамин тавр, Сикандар Муродов як рӯз пеши домулло Абдуқодир Абдухолиқов, имоми масҷиди деҳаи Хӯҷаалӣ, ки ба далели “ғайриқонунӣ сохта шуданаш” баста шуда буд, омада, мегӯяд, ки метавонад дар ивази 85 ҳазор сомонӣ қарори аз нав кушодани масҷидашонро гирифта бидиҳад. Имом ва аҳли деҳа ба ин ваъда бовар карда, 85 ҳазор сомонӣ ҷамъ карда, дар чанд навбат ба дасти Сикандар медиҳанд ва ӯ ба ин пул барои худаш як “Мерседес”-и “Сечка” харида, кайф карда, саворӣ карда мегардад…

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button