Хабарҳо

АВБОШИИ МАРДУ ЗАН ДАР КОНИБОДОМ, ҒОРАТГАРӢ ДАР “ПОДЗЕМКА”-И ПЕШИ СИРК ВА 13 ҲАЗОР ДОЛЛАР БАРОИ ҚИТЪАИ ЗАМИН

АВБОШИИ МАРДУ ЗАН ДАР КОНИБОДОМ, ҒОРАТГАРӢ ДАР “ПОДЗЕМКА”-И ПЕШИ СИРК ВА 13 ҲАЗОР ДОЛЛАР БАРОИ ҚИТЪАИ ЗАМИН

Зани 33-сола ва ҷавони 24-солаи сокинони шаҳри Конибодом 4-уми марти соли 2023, тахминан соати 12:30-дақиқа, дар ошхонаи «Ваҳдат»-и ҳамин шаҳр, ҳангоми хӯрок омода намудан аз ҳиссиёти авбошӣ нисбати якдигар дашномҳои қабеҳ гуфта, бе ягон асос ҳамдигарро лату кӯб намуда, зани 33-сола бо истифода аз асбоби чӯбии нонросткунӣ ва пиёла ба сари ҷавони 24-сола задааст.

ххххххххххххх

Ҷавони 23-солаи сокини шаҳри Душанбе шаби 26-уми феврали соли 2023, тахминан соати 22:30-дақиқа, ҳангоми дар дохили роҳи зеризаминӣ, воқеъ дар кӯчаи С.Шерозӣ қарор доштанаш бо истифодаи зӯроварӣ аз дасти марди 27-солаи сокини пойтахт, 1-адад телефони мобилии тамғаи «Самсунг»-ро тасарруф намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.

ххххххххххх

Марди 56-солаи сокини шаҳри Исфара моҳи феврали соли 2014 бо роҳи фиреб ба боварии ҷавони 24-солаи сокини шаҳри мазкур даромада, ба ваъдаи гирифта додани қитъаи замини наздиҳавлигӣ ба масоҳати 0,06 га аз ҳудуди шаҳри Исфара 13 ҳазор доллари амрикоиро гирифта ба манфиати шахсиаш сарф намудааст.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button