Умумӣ

СВЕТЛАНА ТИХАНОВСКАЯ, ЗАНЕ, КИ ЛУКАШЕНКОРО ДАР ИНТИХОБОТ ШИКАСТ ДОД, ДАР ҒАЙБАШ БА 15 СОЛИ ЗИНДОН МАҲКУМ ШУД

СВЕТЛАНА ТИХАНОВСКАЯ, ЗАНЕ, КИ ЛУКАШЕНКОРО ДАР ИНТИХОБОТ ШИКАСТ ДОД, ДАР ҒАЙБАШ БА 15 СОЛИ ЗИНДОН МАҲКУМ ШУД

Додгоҳи шаҳри Минск дар ғайбашон ду раҳбари мухолифини Беларусро маҳкум ба зиндон кард. Ба иттилои маркази ҳуқуқи инсони “Вясна”, Светлана Тихановская, рақиби асосии ҳокими худкомаи Беларус Александр Лукашенко дар интихоботи президентии соли 2020, ба 15 соли зиндон ва Павел Латушко ба 18 соли зиндон маҳкум шуданд. Хабаргузории давлатии Белта хабар дод, ки додгоҳ Тихановская ва Латушкоро дар қасди ғасби ҳукумат, ташкил ва роҳбарии созмонҳои ифротӣ, даъватҳои оммавӣ ба ғасби ҳукумат, барангехтани кинаву адовати иҷтимоӣ гунаҳкор донистааст.

Светлана Тихановская дар интихоботи президентии соли 2020, ба ҳисоби коршиносони мустақил, бар президенти вақти Беларус Александр Лукашенко ғолиб омад, вале Комиссияи марказии интихобот Лукашенкоро пирӯз эълон кард, ки ин боиси эътирозҳои густарда дар Беларус шуд. Баъди интихобот Тихановскаяро тақрибан бо фишор аз Беларус берун карданд .

Сергей Тихановский, шавҳари Светлана Тихановская, моҳи декабри соли 2021 бо иттиҳомоте, чун ташкили бетартибиҳои оммавӣ, барангехтани кинаю адоват ва мамониат ба кори комиссияи интихобот ба 18 соли зиндон маҳкум шуд. Моҳи феврали соли 2023 ба ҳукми ӯ барои саркашӣ аз иҷрои амри зиндонбонҳо боз якуним соли дигар илова карданд.

Рӯзи 6 март музояда барои фурӯши манзили сеҳуҷрагии Тихановскийҳо дар шаҳри Минск низ бояд доир мешуд, вале ба далели ёфт нашудани ягон харидор ин музояда барпо нашуд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button