Варзиш

ПАҲЛАВОНИ ҶАВОНИ ТОҶИК ЭМОМАЛӢ НУРАЛӢ ДАР «TASHKENT GRAND SLAM 2023» СОҲИБИ МЕДАЛИ ТИЛЛО ШУД

ПАҲЛАВОНИ ҶАВОНИ ТОҶИК ЭМОМАЛӢ НУРАЛӢ ДАР «TASHKENT GRAND SLAM 2023» СОҲИБИ МЕДАЛИ ТИЛЛО ШУД

Эмомалӣ Нуралӣ, паҳлавони ҷавону хушноми тоҷик, шоми 3 марти соли 2023 дар даври ниҳоии мусобиқаи байналмилалии дзюдо Tashkent Grand Slam- 2023 дар вазни -66 кг Сардор Нуриллоев аз Ӯзбекистонро шикаст дода, соҳиби ҷои аввал, нишони тилло ва 5000 евро ҷоизаи ин мусобиқоти муътабар гардид.

Эмомалӣ Нуралӣ дар роҳи расидан ба пирӯзӣ дар Tashkent Grand Slam- 2023 се ҳарифаш аз тими мизбон, Ӯзбекистон, як нафар аз Туркманистон ва як паҳлавони дигар аз Фаронсаро шикаст дод. Ин нахустин пирӯзии ин паҳлавони ҷавони тоҷики ҳамагӣ 20-сола дар мусобиқаҳои муътабари байналмилалӣ аз силсилаи “Тоскӯлоҳи бузург” аст.

Эмомалии Нуралӣ аз ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон ва дастпарвари “Мактаби махсуси варзишии захираҳои олимпии №6 оид ба намудҳои гӯштин”-и шаҳри Душанбе буда, яке аз гуштингирони умедбахши Тоҷикистон ба шумор меравад. Эмомалии Нуралӣ моҳи августи соли 2022 дар шаҳри Гуайкилии кишвари Эквадор дар Амрикои ҷанубӣ чемпионати ҷаҳон оид ба гуштини дзюдо байни ҷавонон дар вазни -66 кг соҳиби ҷои аввал ва унвони қаҳрамони ҷаҳон шуд. Шаҳрдори Душанбе Рустами Эмомалӣ барои ин дастовард ба Эмомалии Нуралӣ як хонаи 2-ҳуҷрагиро бо тамоми шароити рӯзгор дар пойтахт тақдим кард.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button