Варзиш

САРУ ЛИБОС ВА ЧИЗУ ЧОРАИ ПАҲЛАВОНИ ТОҶИК НУРУЛЛО АЛИЕВРО ДАР АМРИКО ҒОРАТ КАРДААНД

САРУ ЛИБОС ВА ЧИЗУ ЧОРАИ ПАҲЛАВОНИ ТОҶИК НУРУЛЛО АЛИЕВРО ДАР АМРИКО ҒОРАТ КАРДААНД

Дар ҳоле ки шаби 25 ба 26 феврали соли 2023 паҳлавони тоҷик Нурулло Алиев дар Лас-Вегаси Амрико дар майдон дар нахустин набардаш дар UFC, мӯътабартарин лигаи ҷаҳонии варзиши ҷангҳои бидуни қоида (ММА) рақиби бразилиягиаш Рафаэл Алвесро шикаст медод, дуздон чизу чораи ӯву аъзои тимашро аз тавқифгоҳи мошинҳо (парковка) -и меҳмонхонаи “Palace Station” дар шаҳри Лас-Вегас ба ғорат бурдаанд. Нашрияи AgFight, ки нахустин шуда дар бора хабар дод, навишт, ки дуздон аз ҷумла санадҳо, як миқдор пул ва василаҳои электронӣ: планшету телефонҳои Нурулло ва ҳамдастаҳояшро ба яғмо бурдаанд.

Нурулло ва ҳамроҳонаш баъди пирӯзӣ бар Рафаэл Алвес барои гирифтани мошинашон ба тавқифгоҳ омада, дидаанд, ки дуздон мошинро комилан холӣ кардаанд. Худи Нурулло гуфтааст, ки аз тамоми чизу чорааш танҳо сару либосе, ки дар тан дошт, боқӣ мондаасту халос. Ӯ аз роҳбарони UFC изҳори сипос кард, ки дар ин вазъияти мушкил ба онҳо кумак расонданд.

Ҳоло пулиси Лас-Вегас дар робита ба ин қазияи дуздӣ таҳққот пеш мебарад ва ба ҷамъоварии далелҳо машғул будааст. Пулис баъди чанде дуртар аз меҳмонхона мошинеро пайдо кардааст, ки бовар меравад, аз сӯи дуздон истифода мешуд. Вале мутаассифона, аз дохили он чизу чораи Нурулло Алиев ва ҳамдастаҳояшро пайдо накардаанд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button