УмумӣХабарҳо

Шарҳи Вазорати нақлиёт аз вазъи роҳҳо ва тармафароиҳо

Бар асари боришоти беисти барфу борон дар давоми бист рӯз  дар моҳи феврали сол равон дар роҳҳои автомобилгарди кишварамон наздик ба 300 тарма фаромада, инчунин ярчу сангрезӣ ҳам ба амал омад. Беш аз 200 тарма ва даҳҳо ярч ба роҳҳои байналмилалии Душанбе – Рашт – Лахш – сарҳади Қирғизистон ва Душанбе – Кӯлоб – Хоруғ – Мурғоб — ағбаи Кулма рост меояд. Ёдовар бояд шуд, ки ин ҳаводиси табиӣ хисороти зиёди молӣ ва ҷониро дар пай гузошт.

Минтақаи Рашт

Дар роҳҳои автомобилгарди минтақаи Рашт (роҳи Ваҳдат – Рашт – сарҳади Қирғизистон) аз 1 то 20 феврал тарма ва ярчфуроӣ зиёд буд. Аз ҷумла, дар ноҳияи Нуробод шаш тарма (км 94, 95, 102 104, 117 ва 119, ҳаҷмашон 18620 м3), ноҳияи Рашт ҳафт тармаву 5 ярч (км 146, 153, 146, 155, 185, 187, 187,189, 189, ҳаҷмашон 3456 м3 тарма ва 1844 м3 ярч), ноҳияи Тоҷикобод 17 тарма (км 196, 202, 203, 204, ҳаҷмашон 11800 м3), ноҳияи Лахш шаш тармаву ду ярч (км 222, 234, 246, 247, 250, 251, 252, ҳаҷмашон 4878 м3 тарма ва 1000 м3 ярч), минтақаи Лахш 11 тармаву 3 ярч (км 293, 302, 304, 306, 310, 311, ҳаҷмашон 17334 м3 тарма ва 1845 м3 ярч), роҳи автомобилгарди Кабудҷар – Сичароғ – Алигалабони ноҳияи Нуробод ду тармаву ду ярч (км 3 ва 9, ҳаҷмашон 3750 м3 тарма ва 3250 м3 ярч), минтақаи Ҳоит, масири Нимич – Сайрон чор тармаву ду ярч (км 1, 20, 27, 32, ҳаҷммашон 10648 м3 тарма ва 3625 м3 ярч); роҳи байналмилалии Лабиҷар – Сангвор – Дарвоз – 25 ҳодисаи ярчу тармафуроӣ; аз ҷумла, дар Сангвор 11 тармаву 8 ярч (км 2, 4, 5, 7, 8, 9, 11, 18, 19, 20,  ҳаҷмашон 9600 м3 тарма ва 10581 м3 ярч).

Аз ин тармафуроиву ярч ва резизиши санг, гарчӣ хисороти зиёд ба роҳу иншооти он расида бошад, хушбахтона, талафоти ҷонӣ дар роҳҳои ин минтақа ба қайд гирифта нашудааст. Роҳдорони минтақа, новобаста аз вазъи фавқулода, ба таври оҷил — бо ҷалби техникаву механизмҳои роҳдорӣ роҳҳоро аз барфтӯдаву селовардаҳо тоза намуда, ҳаракати нақлиёт ва рафтуомади мардумро дар ин самт таъмин намуданд.

ВМКБ

То 20 – уми феврали соли равон бар асари боришоти шадиди барф дар ВМКБ зиёда аз 200 тармаи хурду калон фуромада, роҳҳои автомобилгард ба ҳамаи самт баста шуданд. Робита бо маркази маъмурии вилоят – шаҳри Хоруғ қатъ гардид. Бадбахтона, ин ҳодиса харобиҳои зиёдро ба бор овард. Баробари хисороти молӣ, талафоти ҷониро низ бар ҷой гузошт.  Рӯзи 15-уми феврал дар шаҳри Хоруғ хонаҳои маскунон, консулгарии Афғонистон ва шуморе аз сокинон зери тарма мондаанд. Тарма ба хатти нерӯи барқ низ осеб расонда, шаҳри Хоруғ ва баъзе аз нуқтаҳои аҳолинишини ноҳияҳоро бе барқ гузошт. Бар асари тармафуроӣ дар ноҳияҳоии Ванҷу Шуғнон ва шаҳри Хоруғ дар умум 20 нафар ҷон бохтанд. Хисороти дар пайдоштаро комиссисия таъсисдодаи давлатӣ тафтишу ҳисоб карда, рӯзҳои наздик аз натиҷаашон эълон хоҳанд намуд.

Ярчу тармаҳо дар ноҳияи Дарвоз – масири Дарвоз — Хоруғ 5 тарма ва 1 ярч (км 305, 308, 321, 328, ҳаҷмашон 40800 м3 тарма ва 2600 м3 ярч); масири минтақаи Сағирдашт – Дарвоз 9 тарма (км 77, 83, 84, 85, ҳаҷмашон 6665 м3  тарма); ноҳияи Ванҷ — масири даромадгоҳи ноҳия то давозаи Рӯшон  15 тарма (км 425, 427, 429, 430, 433, 434, 435, 440, 445, 447, 452, 454, 456, 457, ҳаҷмашон 6665 м3  тарма), масири Ванҷ – Паршер  3 тарма (км 25, 30, 40, ҳаҷмашон 960 м3 тарма), масири Ванҷ – Дуршер  2 тарма (км 8, 15 ҳаҷмашон 1600 м3 тарма); ноҳияи Рӯшон – масири Рӯшон  — ноҳияи Шуғнон 24 тарма (км 466, 473, 474, 475, 476, 482, 487, 488, 490, 498, 510, 540, 541, 543, 544, 549, 550, 553, 555, 557, 558,  ҳаҷмашон 19901 м3 тарма); ноҳияи Шуғнон – масири даромадгоҳи ғарбии ноҳия (деҳаи Чохъкандез) – даромадгоҳи шаҳри Хоруғ – деҳаи Бидурд – деҳаи Колхозобод 17 тармаву ду ярч (км 557, 558, 559, 564, 565, 568, 570, 571, 576, 578, 583, 591, 587, 589, 607, 608, 607, 611, 612, ҳаҷмашон 10594 м3); масири Хоруғ – ноҳияи Ишкошим 15 тарма (км 9, 12, 14, 15, 18, 22, 23, 24, 25, 30, ҳаҷмашон 10896 м3); минтақаи Ғунд 25 тарма (км 618, 619, 611, 623, 631, 634, 648, 653, 655, 657, 665, 667, 668, 674, 675, 680, 690, 691, 692, 693, 709, 713, ҳаҷмашон 30085 м3); ноҳияи Ишкошим 10 тарма (км 31, 32, 42, 48, 51, 53, ҳаҷмашон 5080 м3); ноҳияи Роштқалъа 13 тармаву як ярч (км 9, 10, 11, 14, 31, 90, ҳаҷмашон 24121 м3).

Дар ин давраҳо ба сардии ҳаво нигоҳ накарда, роҳдорони вилоят шабу рӯз дар пайи бартараф намудани оқибатҳои офатҳои табиӣ буданд. Вале табиат қонунҳои нонавиштаи худро дорад. Новобаста аз омодагиҳо, табиат тағйироти худро ворид менамояд. Вазорати нақлиёт иловатан 10 ҳазор литр сӯзишвории дизелиро ба роҳдорони вилоят равон кард, ки онро барои бартарафсозии оқибатҳои ҳодисаи фавқулода ба ноҳияҳо тақсим карданд.

Роҳдорон дар рӯзҳое, ки ҳодисаи фавқулода рух дод, ронандагону мусофирони дар роҳ дармондаро ба макони амн гузарониданд. Ронандагону мусофирон  бо маводи хӯрока таъмин ва дар ҷои гарм муваққатан ҷойгир шуданд. Имрӯзҳо ҳаракати ҳама намуди нақлиёт дар ин самт таъмин аст, аммо набояд фаромӯш кард, ки хатари тармафуроӣ ва ярчу резиши санг боқӣ аст.

Душанбе – Чаноқ

Таъкид ба ёдоварист, ки роҳи Душанбе – вилояти Суғд дар тавозуни ширкати IRS мебошад. Дар ин самт низ бориши пуршиддати барф ва тармафароии зиёд роҳи мошингарди Душанбе — Чаноқ  камназир буда, кормандони IRS дар ин муддат садҳо тармаро бетаъхир бартараф карда, роҳро мунтазам аз барф тоза ва бо маводи зиддилағжиш коркард намуданд.

Илова бар ин, ронандагону мусофиронро дар роҳ дармондаро ба макони амн гузарониданд. Барои ин қабил  ронандагону мусофирон  маводи озуқа дастрас шуда, вобаста ба имконият як қисми онҳо  дар хонаҳои устои роҳ, ки ба филиали Ширкат марбут мебошанд,  муваққатан ҷойгир шуданд.

Танҳо дар минтақаи Варзоб, аз километри 42 то 73-юми роҳ  85 тармаи хурду бузург фаромад. Дар минтақаи Зарафшон низ тармафароӣ зиёд буд.  Паҳноии калонтарин тарма 400 метр ва баландиаш 15 метрро ташкил  дод.

Бо назардошти вазъияти мавҷуда, роҳбарияти ширкати IRS тасмим гирифт, ки барои бартарафсозии тарма булдозерҳоро истифода намояд. Хушбахтона, дар натиҷаи тармафароии бениҳоят зиёд талафоти ҷонӣ  ва моддӣ нарасид.

 Бо назардошти  мавқеи ҷойгиршавии роҳи Душанбе – Чанок нигоҳдории онро ба ҳеҷ ваҷҳ набояд кори осон пиндорем.  Ёдовар бояд шуд, ки IRS пойгоҳи пурқуввати техникӣ (224 техникаву механизм) дорад. Айни замон ҳаракати автомобилҳо дар ин самт таъмин мебошад.

Бознашр аз сомонаи расмии Вазорати нақлиёт

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button