Варзиш

ИСМОИЛИ НАБЕРАИ ПРЕЗИДЕНТ САРПАРАСТИИ ДУ ЧЕМПИОНИ ЯТИМРО БА ДӮШ ГИРИФТ

ИСМОИЛИ НАБЕРАИ ПРЕЗИДЕНТ САРПАРАСТИИ ДУ ЧЕМПИОНИ ЯТИМРО БА ДӮШ ГИРИФТ

Исмоили Муҳаммадзоҳир, набераи калонии президенти Тоҷикистон ва президенти Федератсияи гуштини дзюдои ҷумҳурӣ, бо нашри як номаи таслият дар робита бм даргузашти Авазхӯҷа Давлатов, сарпарастии ду фарзанди ӯ Мӯнис ва Абӯбакр Давлатовро, ки аз умедҳои варзиши тоҷик ба шумор мераванд, барои умрбод ба дӯши худ гирифтааст.

Дар ин номаи таслият, ки Исмоили Муҳаммадзоҳир менависад: “Мо ҳама аз Худоем ва ба сӯи Ӯ бармегардем. Дар ин мусибат ҳамдарди шумоям. Аз даст додани падар дар ҳар синну сол мусбати вазнин аст Мо падари Шуморо ҳамеша ҳамчун марди ҷасуру меҳрубон дар ёд хоҳем дошт. Баробари шумо андӯҳгинем. Тавре ки ман ба падари шумо ваъда дода будам, то охири умри худ сарпарасти шумо хоҳам шуд. Бидонед, ки ман ҳамеша дар каноратон ҳастам. Аз раҳмати Худованд ҳеҷ гоҳ ноумед нашавед!”

Авазхӯҷа Давлатов, ки дар телевизиони Тоҷикистон кор мекард, ҳафтаи гузашта аз олам чашм пӯшид. Дар бораи иллати марги ӯ чизе гуфта нашудааст.

Авазхӯҷа Давлатов барои тарбияи фарзандонаш заҳмати зиёд ба харҷ дода буд ва фарзандонаш Мӯнис ва Абӯбакр Давлатовҳо бо онки ҳамагӣ 8 ва 9 сол доранд, яке дар мусобиқаҳои байналмилалии ҷиу ҷитсу 66 медалӣ ва дуюмӣ 59 медал ба даст овардаанд ва аз ҳоло онҳоро ситораҳои ояндадори ин навъи варзиш ном мебаранд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button