ИқтисодКоррупсия

САРМУҲОСИБИ МАКТАБИ №50 ДАР МӮЪМИНОБОД БА ТАСАРРУФИ МАБЛАҒҲО АЙБДОР МЕШАВАД

САРМУҲОСИБИ МАКТАБИ №50 ДАР МӮЪМИНОБОД БА ТАСАРРУФИ МАБЛАҒҲО АЙБДОР МЕШАВАД

Сармуҳосиби мактаби миёнаи №50 ноҳияи Мӯъминобод Фаррухҷон Сабуров ба тасарруфи 34 ҳазору 669 сомонӣ (тақрибан 3300 доллар) бо роҳи сохтакорӣ айбдор мешавад. Тафтиши парвандаи ӯ алакай анҷом ёфта, барои баррасӣ ба додгоҳ супурда шудааст. Маркази матбуоти Агентии мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон гуфт: “Сабуров Фаррухҷон Бозорович дар вазифаи сармуҳосиби Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №50 ноҳияи Муъминобод кор карда, дар давоми фаъолияти кориаш бо роҳи сохтакорӣ 34669 сомониро ҳамчун музди маош барзиёд ба суратҳисоби корти бонкиаш гузаронида, тасарруф намудааст”.

Тоҷикистон дар радифи 30 кишвари аз ҳамаи фасодзадаи дунё номбар шуда, дар раддабандии ахири созмони “Транспаренси Интенешнал” дар байни 180 кишвар дар мақоми 150 ҷой гирифта буд. Мақомоти Тоҷикистон низ ба як падидаи фарогир табдил ёфтани коррупсияро дар кишвар эътироф мекунанд ва барои мубориза бо ин падидаи манфӣ ҳанӯз соли 2007 Агентии мубориза бо коррупсияро таъсис доданд. Вале ин ниҳодро бисёр вақт ба он айбдор мекунанд, ки дар роҳи мубориза бо коррупсия худро бо шикори “моҳичаҳо”е, чун кормандони ҷамоатҳову комиссариатҳои ҳарбӣ ваё муаллимону муҳосибон андармон кардааст ва ҷуръати кор гирифтан бо наҳангҳои бузурги дарёи фасодро, ки аксараш дар раддаҳои болоии ҳукумат пуштибонҳои қавӣ доранд, надорад.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button