Афғонистон

ҲУШДОРИ ОДКБ: ДАР МАРЗИ ТОҶИКИСТОН ТО 4 ҲАЗОР ҶАНГҶӮ ҶАМЪ ШУДААНД

ҲУШДОРИ ОДКБ: ДАР МАРЗИ ТОҶИКИСТОН ТО 4 ҲАЗОР ҶАНГҶӮ ҶАМЪ ШУДААНД

Сардори ситоди муттаҳидаи ОДКБ генерал-полковник Анатолий Сидоров рӯзи 14 феврали соли 2023 дар нишасти хабариаш гуфт, шумори ҷангҷӯёни ба ном “Вилояти Хуросон”, бахши афғонистонии созмони террористии “Давлати исломӣ (ДОИШ) то ҳудуди 6500 нафар афзуда, тақрибан 4 ҳазор ҷангҷӯ дар марзи Афғонистон бо Тоҷикистон ҷамъ шудаанд.

«Дар ҳоли ҳозир шумори ҷангҷӯёни “Вилояти Хуросон” наздики 6500 нафарро ташкил медиҳад, ки тақрибан 4 ҳазор онҳо дар марз бо Тоҷикистон, дар вилоятҳои Бадахшон, Кундуз ва Тахор ҷамъ шудаанд «, — изҳор дошт сардори ситоди ОДКБ.

Бино ба иттилои ТАСС, Сидоров гуфтааст, ки таҳдиди асосӣ ба минтақаи Осиёи Марказӣ аз тарафи гуруҳҳои ифроитен бармеояд, ки дар Афғонистон ҷои по пайдо кардаанд ва аз ҳама гуруҳҳои хатарнок, ба ақидаи ӯ, ДОИШ ва «Ал-Қоида» мебошанд.

Генерал Сидоров афзуд: «Ба ғайр аз ин, сиёсати роҳбарони Толибон барои танг кардани ақалиятҳои миллию мазҳабӣ, набуди иттиҳод ва афзоиши ихтилофот дар байни ҳаракати Толибон, бад шудани вазъи иқтисодӣ ва шиддат гирифтани мушкилоти иҷтимоӣ низ аз омилҳоест, ки ба бесуботӣ дар минтақа мусоидат мекунанд”.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button