Марзи Тоҷикистону Қирғизистон

ПРЕЗИДЕНТИ СОБИҚИ ҚИРҒИЗИСТОН АЛМОСБЕК АҲТАМБОЕВ АЗ ЗИНДОН ОЗОД ШУД

ПРЕЗИДЕНТИ СОБИҚИ ҚИРҒИЗИСТОН АЛМОСБЕК АҲТАМБОЕВ АЗ ЗИНДОН ОЗОД ШУД

Президенти собиқи Қирғизистон Алмосбек Аҳтамбоев (Алмазбек Атамбаев) рӯзи 14 феврали соли 2023 аз маҳбас озод шуд. Аҳтамбоевро, ки аз моҳи августи соли 2019, сеюним сол боз дар паси панҷара қарор дошт, дар назди дарвозаи маҳбаси №27 дар деҳаи Молдовановка дар канори Бишкек ҷамъи бузурге аз наздикону тарафдоронаш ва журналистон истиқбол гирифтанд. Аҳтамбоев гуфт, ки баъди озод шуданаш аз маҳбас барои табобат ба хориҷи кишвар меравад.

Рӯзи 13 феврал Додгоҳи олии Қирғизистон ҳукми Аҳтамбоев дар парвандаи ғайриқонунӣ аз маҳбас озод кардани яке аз чеҳраҳои машҳури олами ҷиноӣ Азиз Батукаеви чеченитаборро бекор кард ва ин парвандаро барои баррасии дубора пас гардонд. Аҳтамбоев барои иҷозат додан ба раҳоии Батукаев ба 11 соли зиндон маҳкум шуда буд. Адвокатҳои Аҳтамбоев қарори додгоҳро шарҳ надодаанд, вале ба дасти журналистон матни қарори додгоҳи ноҳияи Якуми майи шаҳри Бишкек расид, ки он ба Аҳтамбоев барои табобат ба хориҷи кишвар сафар карданро иҷозат медиҳад.

Алмосбек Аҳтамбоев, ки аз соли 2011 то 2018 президенти Қирғизистон буд ва бар хилофи хоҳиши роҳбарони кишварҳои дигар, аз ҷумла президенти Русия Владимир Путин, аз мубориза барои давраи дуюми президентӣ даст кашид, як сол баъди аз мақом рафтанаш, дар моҳи августи соли 2019 дар пайи як амалиёти махсус ва чанд рӯз муҳосира кардани ҳавлиаш дар канори шаҳри Бишкек дастгир гардид.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button