Афғонистон

“ТОЛИБОН ЯГОН ВАЪДААШРО ИҶРО НАКАРД…” ИНТИҚОДИ ТУНДИ САФИРИ РУСИЯ АЗ ТОЛИБОН

“ТОЛИБОН ЯГОН ВАЪДААШРО ИҶРО НАКАРД…” ИНТИҚОДИ ТУНДИ САФИРИ РУСИЯ АЗ ТОЛИБОН

Тавре ба назар мерасад, мақомоти Русия баъди якуним соли бо пирӯзии бечунучаро ба сари қудрат баргаштани ҷунбиши тундрави Толибон аз ин режими нави ҳоким бар Афғонистон дилсард шудаанд. Рӯзи 8 феврали соли 2023 президенти Русия Владимир Путин аз афзоиши таҳдиди терроризм аз қаламрави Афғонистон, бахусус аз ҷониби ДОИШ изҳори нигаронӣ кард.

Рӯзи 10 феврал бошад сафири Русия дар Тоҷикистон Семён Григорев дар мусоҳиба бо хабаргузории русии РИА Новости изҳор дошт, ки амалан ҳеҷ яке аз ваъдаҳои ҳангоми расиданашон ба қудрат додаи Толибон иҷро нашуд. Григорев ёдовар шуд, ки Толибон аз ҷумла кафолат дода буд, ки дигар аз хоки Афғонистон таҳдиди терроризм бар нахоҳад хост. «Бо ин вуҷуд, дар моҳҳои охир мо шоҳиди чандин амали бузурги террористӣ, аз ҷумла ба зидди намояндагиҳои дипломатӣ дар Кобул ва дар марз бо ҳамсояҳои шимолии Афғонистон шудем. Мо дида истодаем, ки созмонҳои террористӣ дар Афғонистон озодона фаъолият доранд, дар бораи ҳукумати фарогир ҳатто ягон гап нест. Бино ба маълумоти Созмони Милал, майдони кишти маводи кӯкнор афзоиш ёфтааст. Ин манзараи осафборро вазъи хеле бади мардуми Афғонистон пурра мекунад”.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button