СиёсатУмумӣХабарҳо

Сафир: сафари Путин ба Душанбе дар барномаи кор аст

Сафари раисиҷумҳури Русия ба Тоҷикистон моҳи сентябри соли 2022 ба нақша гирифта шуда буд ва ин сафар «мавзуи тавофуқ» миёни сарони ду кишвар аст

Мавзӯи сафари раисҷумҳури Русия, Владимир Путин ба Душанбе дар дастури кор аст.

Ин нуктаро сафири Русия дар Тоҷикистон, Семён Григорев дар суҳбат бо РИА «Новости» баён доштаст.

«Масъалаи сафари раисиҷумҳури Русия,Владимир Путин дар рӯзномаи кор қарор дорад. Тавре маълум аст, ин сафарро барои моҳи сентябри соли гузашта омода карда буданд», — изҳор дошт сафир.

Дипломат ҳамчунин гуфт, ки як бастаи бузурги аснод миёни Федератсияи Русия ва Тоҷикистон барои имзо омода шудааст.

Вай тавзеҳ дод, ки баста шомили зиёда аз 20 шартномаю созишномаи гуногуни байни ду кишвар дар бахшҳои гуногун мебошад.

Бо зикри он, ки сафари Путин ба Душанбе дар барномаи кор аст, Григорев мухассоти дигареро ироа накард, танҳо таъкид намуд, ки ин боздид «масъалаи тавофуқи сарони ду кишвар аст».

Илова бар ин, дипломат афзуд, ки Русия ба ҷаҳиши назаррасе дар бахши иқтисод дар равобит бо Тоҷикистон умед мебандад.

Ба гуфтаи ӯ, дар ҷараёни сафари нахуствазири Русия Михаил Мишустин ба Тоҷикистон дар авоили марти соли ҷорӣ тағйироти мусбатро дар назар доранд.

Сарчашма: Sputnik

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button