Илму фанноварӣХабарҳоХабарҳои кӯтоҳ

БОЗДОШТИ 8 СКИНҲЕДИ РУС БАРОИ ҲАМЛА БА БАЧАҲОИ ТОҶИК ДАР ЯК МАКТАБИ ЧЕЛЯБИНСК (ВИДЕО)

Бино ба хабарҳо, пулиси шаҳри Челябински Русия 8 навраси миллатгароро дастгир кардааст. Гуфта мешавад, ки ин гуруҳи наврасон бо пистолету болғаҳо мусаллаҳ гардида, рӯзи 8 феврали соли 2023 ба бинои мактаби №5 ҳамла оварданд ва се навраси тоҷикро латтукӯб карданд. Ба зидди онҳо бар асоси моддаи 213 Кодекси ҷиноятии Русия парвандаи ҷиноятӣ оғоз кардаанд. Ин банди қонун ҳамчун ҷазо то 7 соли зиндонро пешбинӣ мекунад. Бино ба гузориши Telegram-канали Shot, ҳамлагарон пайрави ақидаҳои миллатгароӣ, яъне скинҳед буда, барои ҳимоят аз як рафиқашон, ки гӯё дар мактаби №5 зодагони Тоҷикистон ӯро озор додаанд, барои “разбор” ба ин мактаб ҳамла кардаанд.

Дар ҳоли ҳозир яке аз ҳамлагарон, ки ба синни балоғат расидааст, дар ҳабс қарор дорад ва бақияро, ки ноболиғ будаанд, ба шарти берун нарафтан аз маҳалли зист ҷавоб додаанд.

Синни ҳамлагарон аз 14 то 18 буда, дар мактаби миёна ва соли якуми коллеҷи соҳибкорӣ ва фанновариҳои соҳавӣ ва коллеҷи “Коминтент” таҳсил мекардаанд.

Ҳамаи онҳоро аз як ҷо пайдо ва дастгир карда, аз онҳо чанд болға, пистолети аэрозолии “Пионер” ва камони навъи “Байкал-512” пайдо ва мусодира кардаанд.

Дар натиҷаи ин ҳамла як хонандаи мактаби №5, ки зодаи Тоҷикистон аст, бо осеби мағзи сар  (черепно-мозговая травма и сотрясение) дар шуъбаи нейроҷарроҳӣ бистарӣ карда шудааст. Дӯсти ӯ, хонандаи синфи 9 низ дар бемористон бистарӣ карда шудааст, вале ҷабрдидаи сеюм дар хона табобат мегирад.

Хонандагони синфҳои поёнии мактаби №5 гуфтаанд, ки вақте одамони мусаллаҳ ба бинои мактаб ҳамла карданд, онҳо хеле тарсиданд. Сухангӯи мактаби №5 гуфт, ин ҳодиса як “разборка” байни бачаҳои он маҳалла буд ва ҳамаи иштирокчиёнаш муайян ва дастгир карда шуданд.

Дар видео дида мешавад, ки чӣ гуна наврасони мусаллаҳ бошаст вориди бинои мактаб мешаванд ва ба латтукӯби хонандагон сар мекунанд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button