5 ҶАВОНЗАН ЯК ЗАНРО БА ВАРЗОБ БУРДА, ТАҲҚИРУ ЛАТУКӮБ ВА ҒОРАТ КАРДААНД

5 ҶАВОНЗАН ЯК ЗАНРО БА ВАРЗОБ БУРДА, ТАҲҚИРУ ЛАТУКӮБ ВА ҒОРАТ КАРДААНД
5 ҷавонзани аз 18 то 23-солаи сокинони шаҳрҳои Душанбе, Кӯлоб ва ноҳияи Рӯдакӣ ба он гумонбар мешаванд, ки рӯзи 2 феврал як ҷавонзани 25-солаи сокини шаҳри Душанберо бо мошини кирокаш ба ноҳияи Варзоб оварда, ӯро таҳқиру латукӯб карда, телефони ӯро ба зӯрӣ аз дасташ кашида гирифтаанд.
ххххххххххххххххххххххх
Сокини 43-солаи ноҳияи Рӯдакӣ ба он гумонбар мешавад, ки моҳи сентябри соли 2022 бо роҳи фиреб аз сокини 40-солаи пойтахт барои як муҳлати кӯтоҳ 188 ҳазору 500 доллар гирифта, то ҳол барнагардондааст.
хххххххххххххххх
Ду ноболиғи 17-сола дар ноҳияи Шаҳритӯс ба он гумонбар мешаванд, ки як дафъа дар поёни моҳи январ аз як мағозаи телефонҳои мобайл 11 телефону 7500 сомониро ба яғмо бурда, бори дуюм шаби 2 ба 3 феврал ва аз як мағозаи дигар 9 телефонро дуздидаанд.