Фарҳанг

ЧИЛ РӮЗ САДОИ ЧИЛАХОН ГӮШ КУНЕД! ДАРГУЗАШТИ ОВОЗХОНИ МАҲБУБ ЧИЛАХОН ХОЛОВ

ЧИЛ РӮЗ САДОИ ЧИЛАХОН ГӮШ КУНЕД! ДАРГУЗАШТИ ОВОЗХОНИ МАҲБУБ ЧИЛАХОН ХОЛОВ

Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Чилахон Холов субҳи 8 феврали соли 2023 дар синни 65 аз олам чашм пӯшид. Бино ба иттилои наздиконаш, маросими видоъ ва намози ҷанозаи марҳум соати 12 дар маҳаллаи Пахтакор дар наздикии маҳаллаи Гипрозем доир мешавад.

Чилахон Холов тақрибан як сол боз бо бемории саратон мубориза мебурд. 3 марти соли 2022 дар Маркази миллии тиббии “Шифобахш” (бемористони Қарияи Боло), дар бино ё корпуси №10 гурдаи овозхони шинохтаро ҷарроҳӣ карда буданд.

Овозхони шинохта Фурқат Саидзода навишт, рӯзи 31 январ ба аёдаташ ба беморхонаи “Истиқлол” рафта буд: “Дар интиҳо гуфт, Фурқатҷон, 5 суруди ҷадиди дигарам омода аст барои сабт…мехоҳам барномаи фарҳангие манзури дилбастагони ҳунар созам, дигар орзуе надорам…

Зи ҳар ҷо бигзарад тобути ман, фарёд бархезад,

Ки оҳ, ин мурда сангин меравад, пур орзу дорад…

Ёдат гиромӣ ҳунарвари маънисаро!”

Шоир Давлат Сафар Чилахон Холовро ҳунарманди нотакрору беназир ва соҳибмактабу эҳёгари сурудҳои мардумӣ ва замзамапардози нангу номуси ватандорӣ номида, ин дубайтиро ба ёди ӯ бахшидааст:

Ҷонро ба навои дил ҳамоғӯш кунед,

Аз ёд ба ҷуз ишқ фаромӯш кунед.

То пок шавад рӯҳи шумо бо маънӣ,

Чил рӯз садои ЧИЛЛАХОН гӯш кунед.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button