Афғонистон

ТАҲҚИҚОТ: ҚАТАР БА АШРАФ ҒАНӢ 110 МЛН, БА УСТОД АТО 60 МЛН ВА БА ДӮСТУМ 50 МЛН ДОЛЛАР ДОДААСТ,ТО КИ БА ТОЛИБОН МУҚОВИМАТ НАКУНАНД

ТАҲҚИҚОТ: ҚАТАР БА АШРАФ ҒАНӢ 110 МЛН, БА УСТОД АТО 60 МЛН ВА БА ДӮСТУМ 50 МЛН ДОЛЛАР ДОДААСТ,ТО КИ БА ТОЛИБОН МУҚОВИМАТ НАКУНАНД

Шабакаи итолиёвии «RAI» бо анҷоми як таҳқиқоти журналистӣ хабар дод, ки раисҷумҳури собиқи Афғонистон Ашраф Ғанӣ дар ивази муқовимат накардан ба ҷунбиши Толибон аз Қатар беш аз 110 миллион доллар ришва гирифтааст. Бар асоси ин таҳқиқот, Қатар ҳамчунин дар ивази муқовимат накарданашон ба Толибон ба Ато Муҳаммади Нур, волии собиқи Балх беш аз 60 миллион доллар ва ба генерали ӯзбек Абдулрашиди Дӯстум беш аз 50 миллион доллар “ҳадя” додааст.

Ба гуфти таҳқиқотгарон, «ҳарчанд Ғанӣ дар санаи 2-юми августи соли 2021 зимни суханронии худ дар парлумон аз мардуми Афғонистон хоста буд, то дар баробари «Толибон» истодагарӣ ва муқовимат кунанд, вале ҳамзамон ба волиҳои вулусволиҳое, ки бо «Толибон» меҷангиданд, фармони ақибнишинӣ медод. Ҳамин тавр, ҷангҷӯёни «Толибон» бо камтарин муқовимат вулусволиҳоро ғасб менамуданд».

Ато Муҳаммади Нур ва маршал Дӯстум ба шимоли Афғонистон рафта буданд, то муштаракан як амалиёти низомиро ба зидди «Толибон» роҳандозӣ кунанд, вале дар ниҳоят бидуни кадом муқовимате ҳам Балху ҳам Мазори шарифро ба дасти Толибон доданд ва худ савори мошинҳои гаронбаҳо ва бо халтаҳои пури пул тавассути пули Хайратон — Тирмиз ба Ӯзбекистон фирор карданд ва сипас аз онҷо Ато ба Иморот ва Дӯстум ба паноҳгоҳи ҳамешагиаш Туркия рафтанд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button