Минтақа ва ҶаҳонХабарҳо

Афзоиши қурбониёни заминларза дар Туркия ва Сурия

Заминларзаи беш аз 7-дараҷаӣ, ки шаби 6 феврал минтақаҳои зиёди Сурия ва Туркияро такон дод, садҳо нафар куштаю маҷруҳ барҷой гузошт

Бар асари заминларзаи шадид дар Туркия ва Сурия тақрибан дусад нафар ба ҳалокат расида, беш аз сад бино хароб шуд, хабар дод РИА «Новости» бо такя ба мақомоти изтирории маҳаллӣ.

Ба иттилои манбаъ, заминларзаи 7,4 дараҷаӣ шаби 5 ба 6 феврал дар вилояти Қаҳрамонмараши Туркия рух дод ва боиси харобии як қатор шаҳрҳо гардид.

Дар бораи харобиҳо дар чанд минтақаи Сурия низ гузоришҳо нашр мешаванд. Заминларза дар пойтахти Лубнон, шаҳри Бейрут низ эҳсос шудааст.

Бар асоси гузоришҳои дастрасшуда, дар 7 вилояти Туркия, шумори қурбониён, тибқи маълумоти охирин, 76 нафарро ташкил дода, 440 тани дигар захмӣ шудаанд.

Дар Малатия 23 нафар қурбони заминларза шуданд, 420 нафари дигар захмӣ гардида, 140 бино фурӯ рехтаст. Дар Диёрбакир 6 нафари дигар кушта ва 79 тани дигар захмӣ шуданд. Дар музофоти Шанлиурфе 18 кас кушта, 67 кас ярадор шуд, дар Османия 5 кас кушта, 34 бино хароб гардидаст.

Аз мақомоти тандурустии Сурия хабар додаанд, ки дар се вилояти ин кишвар дастикам 99 нафар кушта ва беш аз 330 нафар маҷрӯҳ шуданд.

Ба гуфтаи мақомоти Туркия, сатҳи баландтарини ҳолати изтирорӣ якбора дар чанд минтақа эълон шудааст, ки дархости кӯмаки байналмилалиро дар назар дорад.

Президенти Туркия, Раҷаб Тайиб Эрдуғон, эълом дошт, ки аллакай наҷотдиҳандагон ба рафъи оқибатҳои ин офати табиӣ шурӯъ кардаанд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button