Минтақа ва ҶаҳонХабарҳои кӯтоҳҶомеа

Олмон бегуноҳии Русияро дар ҳамалоти террористӣ дар Маҷрои Шимолӣ эътироф кард

Олмон далели кофӣ надорад, то Маскавро дар тарконидани лӯлаи муштараке, ки бахши аъзами гази Русияро интиқол медод, муттаҳам кунад

ДУШАНБЕ, 4 фев — Sputnik. Олмон далели даст доштани Русия дар тарконидани лӯлаҳои гази «Маҷрои шимолӣ» ва «Маҷрои шимоли 2»-ро надорад.

Дар ин бора додситони кулли Олмон Питер Франк дар суҳбат бо Welt am Sonntag изҳор дошт. Ба гуфтаи ӯ, бо кумаки ду киштии таҳқиқотӣ аз ҷои ҳодиса намунаҳои обу хок ва пораҳои лӯлаҳо гирифта шудаанд. Аммо маълумоти гирифташуда робита бо Федератсияи Русияро нишон намедиҳад.

«Инро дар ҳоли ҳозир исбот кардан мумкин нест, тафтишот идома дорад. Мо ҳоло ин ҳамаро дар экспертизаи судӣ арзёбӣ мекунем. <…> Аммо он чизеро, ки метавонам бигӯям, ин аст, ки гумони ин як амали тахрибкории хориҷӣ буд, то ҳол ошкор нашудааст», — шарҳ дод ӯ.

Ёдовар мешавем, ки ҳамлаҳо ба лӯлаҳои Русия рӯзи 26 сентябр сурат гирифтанд.

Кишварҳои аврупоӣ, ки ин ҳодисаро таҳқиқ мекунанд, тахрибкории ҳадафмандонаро истисно намекунанд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button