Хабарҳои кӯтоҳҶомеа

Мақомоти Суғд: Дар анборҳо маҳсулоти кишоварзии зарурӣ захира шудааст

Мақомоти Суғд иддао дорад, ки дар анбору сардхонаҳои вилоят маҳсулоти кишоварзии зарурӣ дар ҳаҷми кофӣ захира карда шудааст

ДУШАНБЕ, 30 янв — Sputnik. Соли 2022 дар вилояти Суғд ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ ба 15 миллиарду 618 миллион сомонӣ расонида шуд, ки тибқи арзёбии масъулон, ба 112 фоизи нишондиҳандаи соли 2021 баробар мебошад, иттилоъ додааст сарраёсати кишоварзии вилояти Суғд.

Тибқи иттилои манбаъ, соли гузашта ҳаҷми истеҳсоли ғалладонагиҳо якҷоя бо ҷуворимакка 396 ҳазору 235 тонна дон, аз ҷумла 173 ҳазору 572 тонна гандумро ташкил додааст.

Ҳамзамон дар ин даврадар вилоят дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ 562 ҳазору 924 тонна картошка, 608 ҳазору 540 тонна сабзавот, 124 ҳазору 477 тонна мева ва 148 ҳазору 551 тонна полезӣ истеҳсол гардидааст.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button