Минтақа ва ҶаҳонХабарҳои кӯтоҳҶомеа

Ҳамлаи маргталабона дар Пешовар: 59 кушта, 157 захмӣ

Дар як ҳамлаи маргталабона дар масҷиде дар Пешовари Покистон камаш 59 кас кушта ва 157 нафар захмӣ шудаанд. Ҳодиса рӯзи 30-юми январ ҳангоми намози пешин рӯй дод. Аксар кушташудаҳо афсарони пулис ҳастанд.

Толибони Покистон, ки ба номи Таҳрики Толибон маъруф аст, масъулияти ҳамларо бар дӯш гирифт.

Шоҳидони айнӣ ба Радиои Машъал, бахши покистонии Радиои Озодӣ, гуфтанд, маргталабон дар сафи аввали намозгузорон ва дар паси имом истода буданд.

Як афсари пулис гуфт, даҳҳо захмиро ба бемористон бурданд. Аҳволи чанде аз онҳо «бад» гуфта мешавад ва эҳтимол теъдоди қурбониён афзоиш ёбад. Масъули як бемористон гуфт, аз 10 то 15 нафар дар ҳолати вазнин ҳастанд.

Антонио Гуттериш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, ҳамларо маҳкум кардааст.

Шаҳбоз Шариф, сарвазири Покистон, ҳодисаро маҳкум кард ва гуфт, ба зидди шахсоне, ки дар паси ҳамла истодаанд, «чораҳои сахт» меандешанд. Нахуствазири собиқи Покистон, Имрон Хон, низ ҳодисаро маҳкум кард ва онро «ҳамлаи маргталабонаи террористӣ» номид.

Пешовар маркази вилояти Хайбар Пахтунхва аст ва дар сарҳад бо Афғонистон ҷойгир аст.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button