ФИРЕБИ ШАҲРВАНД БА МАБЛАҒИ 32 ҲАЗОР ДОЛЛАР ВА ДУ ҲОЛАТИ ҒОРАТГАРӢ ДАР ПОЙТАХТ

ФИРЕБИ ШАҲРВАНД БА МАБЛАҒИ 32 ҲАЗОР ДОЛЛАР ВА ДУ ҲОЛАТИ ҒОРАТГАРӢ ДАР ПОЙТАХТ
Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Сино аризаи марди 49-солаи сокини маҳаллаи Арбобхотуни ноҳияи мазкур ворид гардид, ки моҳи марти соли 2022 марди 34-солаи сокини ҳамин ноҳия бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада аз ӯ дар се марҳила, 32 000 доллар гирифта ваъда додааст, ки маблағҳоро дар фаъолияти соҳибкориаш истифода намуда, дар муддати муайян бар мегардонад, аммо то ҳол барнагардонидааст.
хххххххххххххх
Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Фирдавсӣ бо ариза марди 31-солаи сокини ноҳияи ноҳияи Данғара муроҷиат намудааст, ки 24-уми январи соли 2023, шабона ҳангоми дар кӯча қарор доштанаш шахсони номаълум бе ягон асос ӯро лату кӯб намуда, аз дасташ як адад телефони мобилии тамғаи «Хонор» ва 3000 сомониро тасарруф намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. Аз ҷониби кормандони милитсия 3 ҷавони 17, 20 ва 21-солаи сокинони шаҳри Душанбе ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти ғоратгарӣ дастгир карда шуданд.
Ҳамчунин, ба ШВКД-1 дар ноҳияи Фирдавсӣ аризаи зани 29-солаи сокини ноҳияи Фархор ворид гардид, ки 26-уми январи соли 2023, тахминан соати 03:00, ҳангоми дар шаҳри Душанбе қарор доштанаш, ду ҷавони 28 ва 29-солаи сокинони шаҳри Душанбе ва Ваҳдат бо роҳи зӯроварӣ аз дасташ 1-адад телефони мобилии тамғаи «Самсунг А-02» ва 1 ҳазору 900 сомониро тасарруф намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.