Хабарҳои кӯтоҳҶомеа

“Сармои моҳикуш”: талафоти садҳои ҳазор моҳӣ дар Тоҷикистон

Сармои ахире, ки дар Тоҷикистон сар зада буд, беш аз як миллион моҳиро фақат дар ду хоҷагии моҳипарварии кишвар нобуд кардааст

ДУШАНБЕ, 30 янв – Sputnik. Ҷолиб ин аст, ки дар қиёс бо чорво моҳӣ пас аз мурдан низ метавонад мавриди истифода қарор гирад.

Қуобон Ҳакимзода, вазири кишоварзии Тоҷикистон, ки таъсири сармо ба соҳаи кишоварзиро дар нишасти матбуотӣ шарҳ медод, гуфт, дар бархе хоҷагиҳо талафот ҳаст, вале кам, бештарини зарар ба ду хоҷагии моҳипарварии ноҳияи Ваҳдат расидааст.

“Зиёда аз 1 миллион моҳии хурде, ки барои парвариш пешбинӣ шуда буданд, дар пайи сардиҳо дар ин ду хоҷагӣ талаф ёфтанд”, — гуфт вай.

Дар шарҳи ин мавзуъ Музаффар Мирзозода, муовини вазири кишоварзии Тоҷикистон, гуфт, талафоти бештаринро ду хоҷагии моҳидорӣ дар ноҳияи Ваҳдат, яке, “Баҳор” ва дигарӣ, “Форел” дидаанд, ки дар онҳо аксаран гулмоҳӣ парвариш дода мешавад.

“Моҳиҳои гармидӯстдор зарар надиданд, зеро мисли хирс ба хоби зимистона мераванд ва чизе намехӯранд ва ҳам дар қаъри об сукунат ихтиёр мекунанд. Моҳиҳои ба сардӣ тобовар, назири гулмоҳӣ, бештар осебпазиранд. аммо моҳӣ мисли чорвои талафёфта нест, ки хӯрданаш мумкин набошад”, — гуфт Музаффар Мирзозода.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button