ДАР ИСФАРА ЯК МАРДИ МАЪЮБ ҲАМСАРАШРО ҲАНГОМИ СУҲБАТ БО ТЕЛЕФОН АЗ РАШК БО ОҲАН ЗАДА КУШТААСТ

ДАР ИСФАРА ЯК МАРДИ МАЪЮБ ҲАМСАРАШРО ҲАНГОМИ СУҲБАТ БО ТЕЛЕФОН АЗ РАШК БО ОҲАН ЗАДА КУШТААСТ
ВКД Тоҷикистон аз ошкор шудани боз як ҳолати куштори бераҳмонаи ҳамсар аз сӯи шавҳар хабар дод. Бино ба иттилои ин ниҳод, рӯзи 28-уми январи соли 2023, тахминан соати 11:30-дақиқа, марди 50-солаи сокини шаҳри Исфара, маъюби гурӯҳи дуюм, дар хонаи истиқоматиаш аз ҳиссиёти рашк ҳамсараш зани 48-соларо, ки дар дохили хуҷраи истиқоматиашон тариқи телефон сӯҳбат дошт, бо оҳани дарозиаш 60 см, 4 маротиба ба сараш задааст. Дар натиҷа ҷабрдида ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Нисбат ба гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 104 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.
Тафсилоти дигари ҳодиса дастрас нест.
Вақтҳои охир аз Тоҷикистон дар бораи куштори хешовандони наздик, аз ҷумла ҳамсарон аз дасти шавҳаронашон хабарҳо зиёд ба даст мерасанд. Куштори ҳамсарон аз дасти шавҳарон, тавре аз натиҷаҳои тафтишот бармеояд, асосан дар заминаи рашк сурат мегирад.