ҚАРИБ 2 ТОННА ГӮШТРО 33-СОМОНӢ ХАРИДУ… БОЗДОШТИ ЯК ҚАССОБ АЗ ҲИСОБ БАРОИ ФИРЕБ ДОДАНИ 4 СОКИНИ БАДАХШОН (АКС)

ҚАРИБ 2 ТОННА ГӮШТРО 33-СОМОНӢ ХАРИДУ… БОЗДОШТИ ЯК ҚАССОБ АЗ ҲИСОБ БАРОИ ФИРЕБ ДОДАНИ 4 СОКИНИ БАДАХШОН (АКС)
Раёсати корҳои дохилии вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон аз боздошти Акбаршо Ҳакимов, як қассоби 26-сола аз Ҳисор хабар дод, ки бо роҳи фиреб ба боварии сокинони ҷамоати Вери ноҳияи Шуғнон даромада, аз онҳо дар 4 ҳолат қариб ду тонна гӯштро бо нархи ҳамагӣ 33 сомонӣ барои ҳар килояш, яъне бо нархи ду маротиба арзонтар аз нархи бозорҳои дигар минтақаҳои Тоҷикистон, харида, дар ниҳоят соҳибони чорворо фиреб додааст ва ҳатто ҳамин нархи арзонро ҳам ба онҳо пардохт накардааст.
Бино ба иттилои милитсия, боздоштшуда санаи 15 декабри соли 2022 ба боварии шаҳрванд Дороншоев Аҳлиддин Саидасанович, соли таваллудаш 1984, сокини деҳаи Шитами ҷамоати Вери ноҳияи Шуғнон даромада, аз вай 217 кг гӯшти чорво харида ва ваъда додааст, ки дар давоми 10 рӯз пулашро медиҳад, вале то ҳол барнагардонидааст. Ё ин ки давоми моҳи декабри соли 2022 ба боварии шаҳрванд Муқбилшоев Шодмон Акобиршоевич, сокини ҳамин ҷамоат даромада, аз вай 2 сар моли калони шохдорро ба маблағи 15 ҳазору 660 сомонӣ нархгузорӣ карда, низ барои додани пулаш 10 рӯз вақт гирифтааст, вале пули ӯро ҳам то ҳол надодааст. Ба ин монанд дар 2 ҳолати дигар аз сокинони ҷамоати номбурда 1105 кг гӯштро 36 ҳазор сомонӣ нархгузорӣ карда, то ҳол барнагардонидааст. Hисбати дастгиршуда Ҳакимов Акбаршо бо моддаи 247 қисми 3 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.