Минтақа ва Ҷаҳон

СИЛСИЛАИ ТАРКИШҲОИ САНГИН ДАР ЧАНД КОРХОНАИ ҲАРБИИ ЭРОН

СИЛСИЛАИ ТАРКИШҲОИ САНГИН ДАР ЧАНД КОРХОНАИ ҲАРБИИ ЭРОН

Шаби 28 ба 29 январи соли 2023 ба корхонаҳои ҳарбии Эрон дар гӯшаҳои гуногуни ин кишвар як силсила ҳамлаҳо сурат гирифтааст. Аз ҷумла дар шаҳри Шаҳид Салимӣ дар устони Озарбойҷони шарқӣ як корхонаи бузурги истеҳсоли равғани мошин оташ гирифта, ҳамчунин дар як пойгоҳи ҳавоӣ дар шаҳри Дизфули устони Хузистон дар ғарби Эрон таркиш рух дода, дар шаҳрҳои Ҳамадон дар ғарби Эрон ва Рашт дар шимоли ин кишвар низ таркишҳо ва сӯхтор рух додаанд. Дар бораи ҳамлаҳо ба анбори муҳимоти ҷангӣ дар шаҳри Молард дар устони Албурз ва ба як корхонаи коркарди нафт дар Табрез, бузургтарин шаҳри ғарби Эрон низ гузоришҳо ба даст расида, телевизиони давлатии Эрон аз маҳалли сӯхтор дар Табрез наворҳоеро ҳам нашр кард.

Ба гуфтаи сокинон, садои таркиш дар пойтахти Эрон, шаҳри Теҳрон низ шунида мешуд. Сокинон мегӯянд, дар Теҳрон биноҳои идораҳои давлатӣ мавриди ҳамла қарор гирифтаанд ва барои муқобила ба ин ҳамлаҳо ҳавопаймоҳои ҷангӣ дар осмони Теҳрон ба парвоз дароварда шуданд.

Аммо, бино ба хабарҳо, аввалин шуда, шаби 28 ба 29 январ як корхонаи ҳарбӣ дар шаҳри Исфаҳон дар қисмати марказии Эрон дучори ҳамла шудааст. Вазорати мудофиаи Эрон дучори ҳамлаи ҳавопаймоҳои бесарнишин шудани яке аз корхонаҳои ҳарбии воқкеъ дар Исфаҳонро тасдиқ кард, вале онҳо “ҳамлаи ноком” номид. Вале мақомоти низомии Эрон нагуфтаанд, ки паҳподҳо ба кӣ тааллуқ доранд?

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button