Минтақа ва ҶаҳонХабарҳои кӯтоҳҶомеа

Озарбойҷон кормандони сафораташро аз Эрон мебарорад

Озарбойҷон эълон кард, ки кормандони сафораташро аз Эрон ба берун мебарад.

Ин тасмим баъд аз он гирифта шуд, ки дар ҳамлаи мусаллаҳонаи як мард ба сафорати Озарбойҷон дар Теҳрон рӯзи 27-уми январ масъули амниятии сафорат кушта ва ду муҳофизаш захмӣ шуд

Озарбойҷон Эронро муқассир донист. Як сухангӯйи Вазорати корҳои хориҷии Озарбойҷон гуфт, ин ҳамла аз маъракаи ахири зидди Боку дар расонаҳои Эрон «об мехӯрад».

Пулиси Теҳрон гуфтааст, ҳамлаи муҳоҷим ангезаи “шахсӣ” дошт. Сухангӯйи Вазорати корҳои хориҷии Эрон Носир Канъонӣ гуфт, Теҳрон ҳамларо шадидан маҳкум мекунад.

Илҳом Алиев, раиси ҷумҳури Озарбойҷон, ҳамларо “террористӣ” хонд. Ҳанӯз касе ё гуруҳе масъулияти рӯйдодро напазируфтааст.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button