Хабарҳои кӯтоҳҶомеа

Дар Тоҷикистон кӣ омӯзгори сол шуд?

Бобоҷонов Ҷурабой — омӯзгори фанни физикаи литсейи Донишкадаи политехникии шаҳри Хуҷанд барандаи Озмуни “Омӯзгори соли 2022” эълон шуд

ДУШАНБЕ, 27 янв — Sputnik. Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон эълон кард, ки даври ҷумҳуриявии озмуни “Омӯзгори соли Тоҷикистон-2022” ҷамъбаст гардид.

Тибқи иттилои Вазорат, Бобоҷонов Ҷурабой — омӯзгори фанни физикаи литсейи Донишкадаи политехникии шаҳри Хуҷанд омӯзгори соли Тоҷикистон-2022 эълон гардид.

Ба Бобоҷонов Ҷурабой ба маблағи 30 ҳазор сомонӣ мукофотпулӣ ва туҳфаи хотиравии Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон тақдим карда шуд.

Дар асоси талаботи Низомномаи озмуни “Омӯзгори соли Тоҷикистон” ҳайати ҳакамон аз рафти озмун натиҷагирӣ карда, ғолиби даври ниҳоиро эълон намуданд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button