Минтақа ва ҶаҳонТОҶИКИСТОНХабарҳои кӯтоҳҶомеа

Тоҷирони тоҷик ба Остона мераванд: Ҳадаф дар чист?

Қарор аст, дар ояндаи наздик дар Остона бо ҳузури васеи тоҷирони тоҷик бизнес-форумҳои Тоҷикистон ва Қазоқистон баргузор карда шаванд

ДУШАНБЕ, 27 янв — Sputnik. Масъалаҳои баргузор намудани бизнес-форумҳо ахиран дар мулоқоти Сафири Тоҷикистон дар Қазоқистон Хайрулло Ибодзода бо ҳокими шаҳри Остона Касимбек Женис баррасӣ гардид, иттилоъ додааст вазорати умури хориҷии Тоҷикистон.

Тибқи иттилои манбаъ, зимни мулоқот тарафҳо масоили густариши робитаҳо, аз ҷумла ҳамкории тиҷоратӣ ва фарҳангию гуманитарӣ, гузаронидани дигар ҳамоишҳо дар шаҳри Остона ба муносибати 30-юмин солгарди барқароршавии робитаҳои дипломатӣ байни Тоҷикистон ва Қазоқистон баррасӣ шуд.

Чанде пеш Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин ва муовини Сарвазир, Вазири корҳои хориҷии Қазоқистон Мухтар Тлеубердӣ дидору гуфтугӯ карда буд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button