ИқтисодХабарҳои кӯтоҳҶомеа

Супориши Аҳмадзода дар барои ба танзим даровардани фаъолияти корхонаҳои ордбарорӣ

Ахиран дар машварати кории Раиси вилоят Суғд вазъи воридоти гандум ба вилоят ва коркарди он дар корхонаҳои истеҳсоли орд ва хӯроки чорвою паранда баррасӣ гардид

ДУШАНБЕ, 27 янв — Sputnik. Дар толори хурди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят машварати кории Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода баргузор гардид, иттилоъ додааст дафтари матбуоти раиси вилояти Суғд.

Тибқи иттилои манбаъ дар ин ҷаласа вазъи воридоти гандум ба вилоят ва коркарди он дар корхонаҳои истеҳсоли орд ва хӯроки чорвою паранда мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Зимни баррасии масъала Раиси вилоят барои ба танзим даровардани фаъолияти корхонаҳои ордбарорӣ ва истеҳсоли хӯроки чорвою паранда, баҳри пешгирии истифодаи ғайримақсадноки имтиёзҳо, назорати қатъии воридоту коркарди ғалла ва истеҳсоли орду хӯроки чорвою паранда дар назди масъулин вазифагузорӣ кард.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button