Сардор Бердимуҳаммадов ба Тоҷикистон даъват шуд

Раисҷумҳури Тоҷикистон дар пайи ирсоли паёми шодбошӣ ба ҳамтои туркманаш ба муносибати 30-солагии муносиботи дипломатӣ, суҳбати телефонӣ низ анҷом додаст
ДУШАНБЕ, 27 янв — Sputnik. Президенти Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон президенти Туркманистон, Сардор Бердимуҳаммадовро ба Душанбе даъват кардааст.
Ба иттилои дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбати телефонӣ тамосҳои сатҳи олиро барои таҳкими ҳамкорӣ муҳим арзёбӣ намудаст.
Таъкид шудаст, ки зимни суҳбат сарони ду давлат ҳамдигарро ба муносибати 30-солагии истиқрори муносибатҳои дипломатӣ миёни Тоҷикистон ва Туркманистон табрик гуфтанд.
Президентҳо раванди тавсеаи ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратӣ, робитаҳои фарҳангию гуманитарӣ ва байнипарлумонӣ, ҳамчунин, дигар ҷанбаҳои муносибатҳои байниҳамдигариро дар қолаби шарикии стратегӣ мусбат арзёбӣ намуданд.